Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

Декабрь 27, 2023 11:30

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 ҳисоботи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини эҳтиёҷоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағгузорӣ тавассути ҷалби маблағҳои қарзӣ бо хароҷоти камтарин дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо дараҷаи оқилонаи хавф, ташкил ва нигоҳдории бозори функсионалии қоғазҳои қиматнок равонгардида мебошад.

Баъди баррасии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Стратегия тасдиқ шавад ва Вазорати молия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба амалисозии ин Стратегия тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ва Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

Сипас, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адабиёти таълимӣ”-ро баррасӣ намуданд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040, Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029 ва Дар бораи масъалаҳои банақшагирии воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.

Дар охири кори маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ барои иҷрои саривақтию босифати дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи босамари барномаву стратегияҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини тозагии экологии кӯчаю маҳалҳои зист, ҳифзи муҳити атроф ва ободонию сабзазоркунӣ дастур доданд. Супориш дода шуд, ки дар вақти ниҳолшинонӣ қад-қади шоҳроҳҳои автомобилгард аз ду тараф бо ҷалби мутахассисони соҳа бо риояи тартиб ва технологияи парвариши ниҳолҳои ороишию сояафкан сабзондани босифати дарахтонро таъмин намоянд.

Супоришҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистони солҳои 2023-2024, таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҷамъбасти бобарори натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2023 дода шуданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.12.2023

Декабрь 27, 2023 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд