ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҷаҳони муосир сарватҳои зеризаминӣ қудрату тавоноии давлатро муайян менамоянд

Декабрь 9, 2023 10:01

ДУШАНБЕ, 09.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз аз соли 2011 ҳамасола 9 декабр иди касбӣ — Рӯзи геологҳои Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар ҷаҳони муосир қудрату тавоноии ҳар давлат, некӯаҳволии миллат ва мавқеи давлатро дар ҷомеаи байналмилалӣ омилҳои гуногун муайян менамоянд, ки яке аз онҳо — боигариҳои табиӣ, аз ҷумла сарватҳои зеризаминӣ мебошанд. Самаранок, оқилона ва ба манфиати ҷомеа истифода бурдани ин боигариҳо метавонад ба баландбардории некӯаҳволии мардум мусоидат намуда, қудрату тавоноии давлатро таъмин намояд.

Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистон истеҳсолкунандаи тилло, нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, намаки ошӣ, маводи агрономиву сохтмонӣ, баъзе намудҳои сангҳои қиматбаҳо ва бисёр намудҳои дигари сарватҳои зеризаминӣ ба ҳисоб меравад, ки ин натиҷаи меҳнати пурмашаққати геологҳои тоҷик мебошад.

Геология, ки яке аз соҳаҳои муҳими мамлакат ба ҳисоб меравад, тайи солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Ин, пеш аз ҳама, аз муносибати аз нигоҳи илмӣ асоснок, оқилонаю дурандешонаи геологҳо гувоҳӣ медиҳад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки дар якҷоягӣ бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои соҳа дар ояндаи наздик истихроҷ намудан ва то маҳсулоти ниҳоии сохтмон коркард намудани сангҳои ороишӣ ва содироти онҳоро ба хориҷи мамлакат ба роҳ монанд.

Таҳлили маълумот гувоҳи он аст, ки дар қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон конҳои сангҳои бинокорӣ ва ороишии зиёд, аз қабили гранит, гранодиорит, порфирит, трахит ва датситҳо, мармар, серпентинит, оҳаксанг, доломит, конгломерат кашф гардидаанд. Дар миқёси мамлакат корхонаҳои саноатӣ ба коркарди ин намуди ашёи хом шуғл дошта, Агентии содироти Тоҷикистон таъминоти аҳолӣ ва содироти онҳоро ба хориҷи давлат амалӣ менамояд.

Вусъати тадбирҳои ободониву созандагӣ дар ҷумҳурӣ талабот ба маҳсулоти сангҳои ороиширо сол аз сол афзун менамояд. Бахусус, талабот ба сангҳои баландсифати ороишӣ, ба мисоли мармару гранити Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат низ зиёд мебошад. Сангҳои ороишии табиӣ дар шаклу андозаҳои мухталиф коркарду омода мешаванд ва бо дизайни ҷолибашон зиннатбахши бинову иншооти мамлакат ва берун аз он мебошанд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021 дар ҷумҳурӣ Барномаи нави давлатии рушди соҳаи геология ба тасвиб расид, ки давоми се сол аст Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар доираи он пеш мебарад.


Давоми нуҳ моҳи соли 2023 Саридораи геология омӯзиши геологиро аз рӯи зиёда аз 30 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба анҷом расонида, дар айни замон корҳои геологии саҳроӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бомаром идома доранд. Аз ҷумла, корҳои саҳроӣ ва таҳлили пурраи намунаҳои бардошташуда дар доираи лоиҳаи «Ҷустуҷӯи геокимиёвӣ барои тилло дар фосилаи байни дарёҳои Қаратоғ – Лучоб, миқёси 1:25000» ба охир расида, дар натиҷа, зиёда аз 30 майдони эҳтимолии аномалиядор муқаррар шудааст. Натиҷаҳои ташхиси тилло маҳаки ҷӯякӣ ва геохимиявӣ аз майдони гирифташуда файзнокии умедбахши тиллоро то 1,0 г/т нишон дод. Ҳисоботи геологӣ оид ба захираи маъдан то охири соли равон барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод мешавад.

Дигар лоиҳаи умедбахш бо мақсади ошкор намудани майдонҳои нави маъдан- ин “Корҳои ҷустуҷӯи геокимиёвӣ дар варақаҳои J-42-32; J-42-33; J-42-44; J-42-45» ба ҳисоб меравад, ки то ин дам якчанд корҳо, аз қабили омода намудани харитаҳои гуногунмиқёс, хатсайрҳои геологӣ бо намунабардории пурра ба иҷро расиданд.

Дар ҷараёни амалишавии лоиҳаи «Ҷустуҷӯи умумӣ ва дақиқи тилло дар майдони Ошоба» чор қитъаи ояндадор барои тилло – Буюрлук, Само, Сарипул ва Чашмасор ҷудо ва омӯзиш шудааст, ки дар асоси натиҷаи ташхиси маҳакҳои корҳои литокимиёвӣ фосилаҳои нави файзнокии тилло муайян гардиданд.

Лоиҳаи дигари натиҷабахш- ин «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти сурмаи Ривути Боло» ба ҳисоб меравад, ки дар вақти гузаронидани иктишофи геологӣ, аз қабили хандақканӣ, хатсайрҳои кофтукови миқёси 1:5000, аксбардории топографӣ, маҳакбардории ҷӯякӣ ва литогеокимиёвӣ, файзнокии маъданҳои сурма, тилло ва нуқра муайян гардидааст. Объекти дигаре, ки дар он натиҷаҳои ҷустуҷӯ назаррас мебошанд, лоиҳаи «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ ва тафтишотӣ дар майдони маъдании Саримад» ба ҳисоб меравад. Дар ин қитъа зимни гузарондани иктишофи геологӣ, аз қабили хатсайрҳои ҷустуҷӯии миқёси 1: 2000, ҳуҷҷатгузории нақбҳо, маҳакбардории ҷӯякӣ аз нақбҳо, ташхиси ҷазби атомӣ ва пробирӣ файзнокии баланди тилло муайян шуд.

Ҳамзамон дар соҳили рости дарёи Саримад ду баромади ҷисми маъданӣ (поёнӣ ва болоӣ) омӯхта шуда, дарозии баромади ҷисми маъдан мутаносибан 1 километр ва 360 метрро ташкил медиҳад. Мақсад аз гузарондани ин корҳо ҳисоб намудани захираҳои тилло бо категорияҳои С2 ва Р1 мебошад.


Ҳамин тавр, дар доираи лоиҳаҳо аз ҷониби геологҳои тоҷик муҳимтарин конҳои маъдан омӯхта мешаванд, ба мисли металлҳои нодир дар қитъаҳои Шазу, Миёнакӯҳ ва Дӯзахдара, ки дар онҳо манбаъҳои лантан, серий, празеодим, неодим, самарий, европий бо категорияи Р1 ҳисобӣ шудаанд.

Ҳамчунин бо мақсади кашфи зуҳуроти нави сангҳои қиматбаҳо ва зинатдиҳанда, тибқи лоиҳаи «Корҳои ҷустуҷӯи умумии сангҳои қиматбаҳо ва зинатдиҳанда, дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара ва Ишкошим» минералнокии сангҳои худҷило, ба монанди сапфир, корунд, лаъл ва турмалин муайян гардид.

Аз ҷумла, зуҳуроти сапфири Ишкошим ва турмалини рангаи Гармчашма, турмалини Бағуш ва корунди Бағуш, тибқи талаботи стандартҳои соҳавӣ, ҳамчун маводи ҷавоҳирӣ ва коллексионӣ баҳо дода шуданд. Аз рӯи натиҷаи коркарди маводи корҳои саҳроии зуҳуротӣ сапфири Ишкошим ва турмалини рангаи Гармчашма (Бағуш) нисбатан ояндадор мебошанд. Дарозии раги турмалиндори зуҳуроти турмалини рангаи Гармчашма (Бағуш) ба ҳисоби миёна то 20 метр мушоҳида гардида, масоҳати миёнаи майдони раги ашёдор ба 70 м2 мерасад. Захираҳои пешгӯишавандаи ашёи турмалиндор ва турмалини босифат бо категорияи Р1 пешгӯӣ шуданд.

Дар баробари омӯзиши конҳои фоиданок аз тарафи корхонаҳои воҳидии Саридораи геология якчанд лоиҳаҳои дигари ба равандҳои эгзогении мамлакат ва омӯзиши обҳои зеризаминӣ тааллуқдошта амалӣ мегарданд.

Соли равон дар доираи ҳамкорӣ тибқи «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Русия (Роснедра) барои солҳои 2023-2025», байни Муассисаи давлатии буҷетии федералии «Пажуҳишгоҳи маркази илмӣ-таҳқиқотии геологии иктишофи филизҳои ранга ва асил» (ЦНИГРИ) ва КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ» КВ «ЭҶАГ» дар майдони Кабутион бо усули ҷазби ионӣ корҳои таҷрибавии саҳроӣ гузаронида шуданд.

Дар айни замон корхонаҳои бузурги истихроҷи маъдан барои ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок аз барномаҳои муосири технологияҳои рақамӣ (GIS, Micromine, Datamine ва Surpac) истифода мебаранд. Бинобар ин, дар соҳаи геологияи ҷумҳурӣ ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок бояд бо истифода аз ин барномаҳо амалӣ шавад.

Инчунин тибқи «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Русия (Роснедра) барои солҳои 2023-2025» табодули таҷрибаи кормандон ба нақша гирифта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар баррасии Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 45 мавод, аз қабили ҳисоботи геологии конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул, кони канданиҳои ашёи химиявӣ, бозҳисобкунии захираи конҳо ва ҳисоботи афзоиши захираи конҳо қарор дошт.

Дар асоси ҳисоботи аз экспертизаи давлатӣ гузашта захираҳои канданиҳои фоиданок, аз қабили тилло, нуқра, волфрам, сурма, нафт, гаҷсанг, мармар, оҳаксанг, хок, рег ва ғайра тасдиқ гардида, ба тарози давлатӣ гузошта шуданд.

Саридораи геология ҷиҳати гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоб намудани захираи канданиҳои фоиданок, ба таври пурра татбиқ намудани барномаҳои муосири баҳисобгирии захираи канданиҳои фоиданок ва васеъ ҷорӣ намудани чунин барномаҳо тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Нахуст ин истифода аз барномаҳои муосири технологияҳои рақамӣ (GIS, Micromine, Datamine ва Surpac) аз ҷониби корхонаҳои бузурги истихроҷи маъдан барои ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок мебошад.

Дар ин самт Саридораи геология соли гузашта дар шаҳри Душанбе «Конфронси панҷуми байналмилалии истифодабарандагони Micromine» бо иштироки намояндагони ширкати «Micromine Central Asia» баргузор намуд.

Дар Саридораи геология омили дигари пешравии кор ва муваффақ гардидан ба мақсади пешгузошта муҷаҳҳаз будан бо технологияи муосир мебошад. Ҳоло воҳидҳои сохтории Саридора бо техникаю дастгоҳҳои замонавӣ таъмин мебошанд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2023 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон чор Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиётӣ амалӣ мешавад
САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориии гепатит чораҳои мақсаднок андешида мешаванд
ЧАРО БАСТАНИ ТАСМАИ БЕХАТАРӢ ШАРТ АСТ? Истифодаи он кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГӢ. Барои таъмини рушди соҳа омода намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад