«ИСМОИЛИ СОМОНӢ». Ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба сокинони ноҳияи Шаҳринав намоиш манзур намуданд
ШАҲРИНАВ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири эҳёи таъриху тамаддун ва воқиф гардидан аз таърихи давлатдории тоҷикон намоиши «Исмоили Сомонӣ»-ро манзури сокинони ноҳияи Шаҳринав гардониданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Аҳли ҳунари театр саҳнаҳои ҷолибу пуртаъсиреро оид ба низоми давлатдории Сомониён рӯйи саҳна овардаанд, ки хеле ҷолиб буда, дар таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ нақши муассир доранд.
Тибқи иттилои масъулини ноҳияи Шаҳринав, ҳунарпешагони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ намоиши «Исмоили Сомонӣ»-ро бо санъату маҳорати воло иҷро намуданд ва тамошобинон ба ҳунари баланди касбии онҳо аҳсан хонданд.
Дар фарҷоми намоиш Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода ба аҳли ҳунари Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғро барои ҳамкории мутақобила дар татбиқи босамари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои фарҳангӣ, инчунин эҳёи фарҳанг ва таърихи тоҷикон, ташаккули маърифати маънавию фарҳангии ҷомеа, саҳми муносиб гузоштан дар чорабиниҳои муҳим бахшида ба санаҳои таърихӣ, таҷлили ҷашнҳои шахсиятҳои шинохтаи миллати тоҷик ва муттаҳидию сарҷамъии мардум дар атрофи Пешвои миллат арзи сипос намуд.
Ҳамзамон ҳунарпешагони боистеъдоди театр бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






