«ИСМОИЛИ СОМОНӢ». Ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба сокинони ноҳияи Шаҳринав намоиш манзур намуданд

Декабрь 11, 2023 15:22

ШАҲРИНАВ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони Театри  мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири эҳёи таъриху тамаддун ва воқиф гардидан аз таърихи давлатдории тоҷикон намоиши «Исмоили Сомонӣ»-ро манзури сокинони ноҳияи Шаҳринав гардониданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Аҳли ҳунари театр саҳнаҳои ҷолибу пуртаъсиреро оид ба низоми давлатдории Сомониён рӯйи саҳна овардаанд, ки хеле ҷолиб буда, дар таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ нақши муассир доранд.

Тибқи иттилои масъулини ноҳияи Шаҳринав, ҳунарпешагони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ намоиши «Исмоили Сомонӣ»-ро  бо санъату маҳорати воло иҷро намуданд ва тамошобинон ба ҳунари баланди касбии онҳо аҳсан хонданд.

Дар фарҷоми намоиш Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода ба аҳли ҳунари Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғро барои ҳамкории мутақобила дар татбиқи босамари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои фарҳангӣ, инчунин эҳёи фарҳанг ва таърихи тоҷикон, ташаккули маърифати маънавию фарҳангии ҷомеа, саҳми муносиб гузоштан дар чорабиниҳои муҳим бахшида ба санаҳои таърихӣ, таҷлили ҷашнҳои шахсиятҳои шинохтаи миллати тоҷик ва муттаҳидию сарҷамъии мардум дар атрофи Пешвои миллат арзи сипос намуд.

Ҳамзамон ҳунарпешагони боистеъдоди театр бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Декабрь 11, 2023 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид