КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Тоҷикистон таъмини амният ва бехатарии сокинон мебошад

Декабрь 19, 2023 14:43

ДУШАНБЕ, 19.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, моҳи октябри соли 2023 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тибқи тағйироту иловаҳои воридшуда, минбаъд барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ва ё барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт, инчунин ба шахси дигар додани рақами қайди давлатӣ ҷазо пурзӯр гардид.  Соли сипаришуда дар баробари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчунин ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйиру иловаҳо ворид шуданд. АМИТ «Ховар» сабабҳо, зарурат ва ҳадафу мақсадҳои тағйирот ба қонунгузории мамлакатро мавриди омӯзиш қарор дод.

Яке аз мақсадҳои асосии ворид намудани тағйиру илова ба қонунгузорӣ- пешгирӣ намудани идораи воситаи нақлиёт бо рақами қалбакӣ ва истифодаи рақами қалбакӣ бо мақсади содир ё рӯйпӯш намудани ҷиноят ба ҳисоб меравад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки қоидавайронкунандагон рақамҳои қалбакӣ ё бегонаро бо мақсади содир намудани ҷиноят ва ё рӯйпӯш намудани ҷиноят истифода менамоянд. Яке аз сабабҳои асосии чунин ҳолат нокифоя будани ҷазои амалкунанда дар қонунгузорӣ буд: ҷазоҳои пешбинигардида барои баланд бардоштани интизоми нақлиёт дар сатҳи зарурӣ мусоидат намуда наметавонистанд.

Акнун бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» барои тайёр намудан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, истифода бурдан ё ба соҳибияти каси дигар додани рақами қалбакии қайди воситаи нақлиёт ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо пешниҳод мешавад. Агар ин кирдорҳо бо мақсади содир ё рӯйпӯш намудани ҷиноят содир шуда бошанд, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол муқаррар мешавад.

Яке аз иловаҳои дигаре, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуд, истифода ва ё пайвасткунии симкорти телефонӣ мебошад.  Яъне, мақсад аз ворид намудани илова пешгирӣ намудани ҷиноятҳо вобаста ба пайвасткунии симкорти телефони мобилӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва даст задан ба кирдорҳои ҷиноятии пайвасткунии ғайриқонунӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ мебошад. Қаблан дар қисми 2 моддаи 3411 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ пайваст намудани симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ё аз ҷониби истифодабаранда ба соҳибияти шахси дигар додани симкорт, агар симкорт дар содиркунии ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ё экстремис­тӣ истифода гардида бошад, пешбинӣ шуда буд.  Аммо амалия нишон дод, ки симкорти ба дигар шахс тааллуқдошта на танҳо дар содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ё экстремистӣ, балки бештар дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин истифода бурда мешаванд, ки  қонунгузорӣ барои чунин кирдор ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ накарда буд. Бинобар ин, бо мақсади бартараф намудани норасоӣ дар қонунгузорӣ ва мутобиқ ба амалияи татбиқи қонун дар диспозитсияи қисми 2-и моддаи 3411 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз калимаи «экстремистидошта» калимаҳои «инчунин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин» илова шуданд.

Тавре ки дар палатаи болоии Парлумони мамлакат иттилоъ доданд, мақсади асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 139, 141, 142 ва 241-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати тавқият додани ҷавобгарии ҷиноятӣ ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолону ноболиғон, инчунин мутобиқгардонии дохилии меъёрҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани нуқсону камбудии ҷойдошта ва пешгирии ҷиноятҳо мебошад.

Акнун ба қисми 2-и моддаи 141 (алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст) банди в, ки кирдори ҷиноятиро бо аломати  такроран  содир намудани ҷиноят тасниф менамояд, инчунин  ба моддаи 142 (ҳаракати бадахлоқона)   қисми 3 илова  шуд, ки ҷавобгариро барои содир намудани ҳаракати бадахлоқона нисбат ба ду ё зиёда шахсони баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасидаро пешбинӣ намудааст, такмил дода шуда, санксияи моддаи 241 (тайёр намудан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ) дар таҳрири нав бо муайян намудани ҷазоҳои вазнинтар ифода шуд.

Бояд гуфйт, ки  тибқи тағйироти воридшуда минбаъд нисбат ба шахсоне, ки алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвониро бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст ва ё ашхосе ки ҳаракати бадахлоқона менамоянд, ба тайёр намудан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ машғул мешаванд қонунгузорӣ ҷазои сазовор ба аъмоли бад муқаррар менамояд!

Ҳамин тавр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи тақвият додани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолу ноболиғон аз 11  сентябри соли 2020, Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022» аз 15  марти соли 2023 таҳия шудааст.

Бори дигар таъкид менамоем, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ такмил додани меъёрҳои алоҳидаи кодекс, пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои алоҳида ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолу ноболиғон, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт мебошад. Дар маҷмуъ ба қисми махсуси кодекс зиёда аз даҳ тағйиру иловаҳо ворид шудаанд.

Тибқи тағйиру иловаҳо, қисми 4, моддаи 139-и Кодекс (ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ шуда, қисми 2, моддаи 141 (алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст) бо иловаи банди в, ки ҷинояти такроран содиршударо дар назар дорад, такмил дода шудаанд.

Бо илова намудани қисми 3 ба моддаи 142 нишонаҳои ё худ аломатҳои бандубасткунандаи таснифотшавандаи ҷиноят, яъне ҳаракати бадахлоқона нисбат ба ду ё зиёда шахсони баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасидаро пешбинӣ намудааст, ки содир намудани он боиси маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо якумра маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян мегардад.

Дар моддаи 241 Кодекс, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ тайёр намудан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ, аз ҷумла паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё рекламаи онҳо дар байни ноболиғон ва ё ҷалб намудани ноболиғ ба муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ муқаррар шудааст, санксияи қисмҳои 1, 2 ва 3 ҷазоро пурзӯр намудааст. Яъне, агар барои кирдорҳои нишондодашуда қаблан ҷарима дар ҳаҷми аз 200 то 365 нишондиҳанда таъйин карда мешуд, акнун ҷарима ба андозаи аз 400 то 600 нишондиҳанда муқаррар мешавад, ҳамзамон агар қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 241 нишондодашуда маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати то 2 сол ва ё аз 2 то 5 сол ва ё аз 5 то 8 сол таъйин карда мешуд, акнун барои ин кирдорҳои ғайриинсонӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлатҳои то 4 сол, аз 4 то 6 сол ва аз 6 то 10 сол муқаррар мешаванд.

Дар оғози мақола оид ба тағйир ёфтани ҷазо барои идораи намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, рақами қалбакӣ ва ё тайёр намудани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт навишта будем.

Бояд таъкид намуд, ки вобаста ба моддаи 212 (эзоҳи 1) — идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, рақами қалбакӣ ва ё тайёр намудани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт, дар номи модда калимаҳои «рақами қалбакӣ ва ё тайёр намудани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт» ба калимаҳои «муомилоти ғайриқонунии рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт» иваз ва аз диспозитсияи қисми 1 калимаҳои «ё рақами қалбакӣ» хориҷ шуда, қисми 2 дар таҳрири нав ифода ёфт, ки мазмунан минбаъд барои тайёр намудан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, истифода бурдан ё ба соҳибияти каси дигар додани рақами қалбакии қайди воситаи нақлиёт ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол пешбинӣ гардидаанд. Инчунин бо иловаи қисми 3 ба моддаи мазкур кирдорҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, агар бо мақсади содир ё рӯйпӯш намудани ҷиноят содир шуда бошанд, боиси маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол мегардад.

Тавре ки медонем, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 1 августи соли 2023  пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ  мешаванд. Мувофиқи ҳамин фармон аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва ташкилоти қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасониҳои музднок манъ  шудааст. Яке аз иловаи дигаре, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид, маҳз аз ҳамин Фармони Президенти мамлакат сарчашма мегирад. Ба қисми 1 моддаи 49 (ҷарима) Кодекс ҷумлаи дуюм илова гардид. Тибқи ин илова, маблағи ҷарима ба буҷети ҷумҳуриявӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилоти қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт мешавад.

Ҳамчунин соли равон аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 лоиҳаи Қонун дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба «Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод ва қабул шуд. Мақсад аз он мутобиқ намудани меъёрҳои алоҳидаи кодекси амалкунанда ба дигар санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи он, дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 64, ки асосҳои озод намудан аз исботро муқаррар намудааст, калимаҳои «парвандаи граждании», «парвандаи гражданӣ», «Ҳукми» ва «ҳукми» мувофиқан ба калимаҳои «парвандаҳои маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии», «парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ», «Санади» ва «санади» иваз  шудаанд.

Инчунин ба ин модда қисми 3 илова гардида, тибқи мазмуни он санади эътибори қонунӣ пайдонамудаи судӣ оид ба парвандаи иқтисодии қаблан баррасигардида барои суди юрисдиксияи умумӣ, ки парвандаҳои маданӣ ва оилавиро баррасӣ менамояд, ҳатмӣ буда, ҳангоми баррасии парвандаи дигар бо иштироки ҳамин шахсон, ҳолатҳои бо санади судии суди иқтисодӣ муқарраршуда аз нав исбот карда намешаванд ё мавриди баҳс қарор намегиранд.

Тавре ки аз ин тағйирот бармеояд, дар ин маврид низ ба манфиати шаҳрвандон бартарият дода шудааст. Тағйирот ҳамчунин ба такмили фаъолияти мақомоти судӣ ва баррасии саривақтии судии парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ мусоидат менамояд.

А.САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 19, 2023 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Соли 2024 ин грант ба 120 нафар занон барои рушди ҳунармандӣ ҷудо гардид
Дар Тоҷикистон 280 ҳазор нафар дар даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ба таълими касбӣ фаро гирифта шуданд
ИНКИШОФИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. Онҳо заминаи устувори моддӣ, техникӣ ва технологӣ барои таълим ва тарбияи кӯдакону наврасон мебошанд
Сиёсати иҷтимоӣ самти муҳимтарини Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 мебошад
Дар Душанбе ҳамоиши шаҳрии гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор озмоишгоҳҳо барои илмҳои дақиқ ифтитоҳ гардиданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Тақдими китоб яке аз ташаббусҳои неки Президенти Тоҷикистон мебошад
Чиллазода Қарахон раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба беш аз 11 ҳазор шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ пешниҳод гардид
«РИВОЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН». Яъқуб Ясно, нависанда ва пажуҳишгар: «Агар шумо шахсияти сиёсии дигареро дар замони муосир мешиносед, ки бештар аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги ориёӣ самимона заҳмат кашидааст, намуна ва мисол биоваред!»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 аз ҷониби мақомоти судӣ 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Вазорати адлия соли 2025 Платформаи нави Сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ба истифода медиҳад

Маводҳои таҳлилӣ