Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни «Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» эълон менамояд

Декабрь 15, 2023 16:16

ДУШАНБЕ, 15.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Ҷоиза қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, ба дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон равона гардидааст.

Ҷоиза аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон барои хизматҳои гуногун дода мешавад.

Аз ҷумла, барои ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ,  ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар вазъияти барои ҳаёт хатаровар, дар ҳолатҳои шадид, ки бо наҷоти ҳаёти инсон вобаста мебошад (ғарқшавӣ, сӯхтор, офатҳои табиӣ ва ғайра), ҳифз ва эмин нигоҳ доштани ҷомеа аз таҳдидҳои ногаҳонӣ, пешгирии амалҳои террористию экстремистӣ ва омилҳои номатлуб, барои ҷасорату фидокорӣ, ҳушёрӣ ва ташаббускорӣ ҳангоми боздоштани вайронкунандагони сарҳади давлатӣ, барои кумаки фаъолона ба қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ғайра дода мешавад.

Ҷоиза аз рўйи тартиби зайл баҳогузорӣ мешавад:

—  Адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор);

—  Рӯзноманигорон (мақолаҳо, маводи иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад);

— Барномасозон (ихтироъкорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ-компютерӣ (ба корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷавонон бартарият дода мешавад);

—  Санъаткорон (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ, ҳунармандии саҳнавӣ, расмҳои кашидаи дорои хусусияти тарбиявӣ, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра);

—  Меъморон (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, марказҳои ҷавонон, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифодаи онҳо ба шароити Тоҷикистон мувофиқ бошад);

— Эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ (тамоми навъҳои ҳунармандии миллӣ бо пешниҳоди корҳои амалии иҷрошуда);

—  Техникону технологон ва навоварон (татбиқи коркардҳои инноватсионӣ дар самти рушди неруи инсонӣ, рушди инфрасохтор, амалан татбиқ намудани чор самти стратегии мамлакат, кам нвмудани сатҳи камбизоатӣ, бехатарии фаъолияти инсон ва экология, амалисозии усулҳои нави таълим ва таҳқиқоти илмӣ, истифодаи маводи навин бар ивази маводи мавҷуда, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, такмили сохти таҷҳизот ва мошинҳо, такмили конструксияҳои сохтмонӣ, бино ва иншоот, сарфаи энергия ва манбаҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, такмили фаъолияти меҳнатӣ, паст намудани таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ).

Бо ин ҷоиза шаҳрвандони аз 14 то 35-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Довталабон ҳуҷҷатҳои худро метавонанд мутобиқ ба талаботи Низомномаи «Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» омода намуда, ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо 3 (собиқ бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) то 25 декабри соли 2023, соати 17:00 ирсол намоянд.

Хоҳишмандон метавонанд маълумоти муфассалро дар сомонаи расмии Кумита javononvavarzish.tj ва саҳифаи фейсбукии Кумита бо номи «Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрас намоянд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 15, 2023 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд