Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шурои миллии Федералии Амороти Муттаҳидаи Араб Сақр Ғобаш мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шурои миллии Федералии Амороти Муттаҳидаи Араб Сақр Ғобаш мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо давлати бародари Амороти Муттаҳидаи Араб таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд, зеро робитаҳои парлумонӣ дар фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ барои тавсеаи равобити ду давлат дар ҳавзаҳои мухталиф нақши муҳим доранд.
Гуфта шуд, ки парлумонҳо метавонанд аз тариқи имзои созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ба тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Аморот нақши муассир гузоранд. Яке аз абзорҳои муҳимми таҳкими ҳамкории парлумонӣ таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ аст, ки моҳиятан пули дӯстиву ҳамкорӣ байни ду маҷлис ва ба таври умум байни ду миллат маҳсуб мешаванд.
25 феврали соли 2021 нахустин машваратҳои байнипарлумонӣ дар шакли маҷозӣ байни аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши бештари равобити парлумонӣ таъкид намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






