МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Моҳи декабр барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда хеле манфиатовар аст

Декабрь 23, 2023 09:39

ДУШАНБЕ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ идома дошта, ба гуфтаи доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда хеле манфиатовар мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, ба сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад.

Тибқи иттилои мутахассисони соҳа, дар Тоҷикистон ниҳолшинонӣ 3 марҳиларо дар бар мегирад: тирамоҳу зимистон, зимистон ва зимистону баҳор.

Тавре масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, қабл аз шинонидани ниҳол он бояд ба стандарт ҷавобгӯ бошад, яъне 1,40-1,50 метр баландӣ дошта бошад. Таъкид гардид, ки ҳангоми ниҳолшинонӣ ба решаи он низ бояд таваҷҷуҳи бештар дод. Дар ҳолати шинонидани ниҳол як ҳиссаро пору ва се ҳиссаи онро хок ташкил дода, то давраи сабзиш намии хок бояд нигоҳ дошта шавад. Боғдорону хоҷагидорон метавонанд ниҳолҳоеро интихоб намоянд, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй буда, аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо озод бошанд. Бояд баландии ниҳолҳое, ки аз тухм парвариш мешаванд, аз 110 то 150 сантиметрро ташкил диҳад. Қутр, яъне ғафсии он аз 15 то 25 милиметр бошад. Ҳамчунин решаи ниҳолҳо нағз инкишоф ёфта, аз 3-4 шохаи асосӣ бояд иборат бошад.

Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз медорад, ки қоидаҳои асосие, ки бояд барои шинонидани ниҳол риоя шаванд, интихоби дурусти навъҳои ниҳол, замин ва нуриҳои минералӣ мебошанд. «Ҳар ниҳол ба минтақаи махсус хос аст, аз ин рӯ минтақаро низ хуб ба назар гирифтан зарур аст. Қоидаи асосӣ- ин кандани чуқурчаҳо барои ниҳол мебошад, ки чуқурӣ ва паҳноии он бояд на камтар аз 50-60 см канда шавад. Дар ҳолати кандани чуқурӣ бояд хокро ба се қисм ҷудо намуд-болоӣ, миёна ва охирин ва баъди ниҳолро гузоштан кори баръакси онро иҷро менамоем. Яъне аввал хоки қисми боло, сипас хоки миёна ва дар охир хоки қисми поёнро мегузорем. Инчунин ба хоки қисмати боло бояд 50-60 гр нуриҳои минералӣ ҳамроҳ намоем, ки барои инкишофи ниҳол муфид мебошад»,-изҳор дошт мавсуф.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, боғпарварон қабл аз бунёди боғ бояд қитъа, намуд, вазъи дарахтон ва таркиби химиявии хокро муайян созанд. Дар вақти бунёди боғ таъсири манфии иқлимро ба ҳисоб гирифта, дар талу теппа ва баландиҳои гуногун ҷойгир намудани навъҳои ба хунукии зимистон тобовар бояд ба назар гирифта шавад. Инчунин ба навъҳое бояд диққат дод, ки тобоварии табиии зиёд дошта бошанд. Самти ҷойгиршавии қатори дарахтони тавсияшавандаи бунёди боғ – шимолу ҷануб мебошад, ки ин усул баҳри бо рӯшноии хуб таъмин шудани дарахт мусоидат менамояд.

Олимони соҳаи кишоварзӣ таъкид менамоянд, ки ҳар ниҳоли дарахти ороишию сояафкан ва мевадиҳанда ва гулу буттагиҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат шинонида мешаванд, бояд ба шароити табиӣ, иқлим ва мавқеи ҷуғрофии ҳамон минтақа мутобиқ бошанд. Масалан ниҳоли дарахтон ё гулу буттагиҳое мавҷуд ҳастанд, ки хушкию гармӣ –Офтобро дӯст медоранд ва баръакс, баъзе ниҳоли дарахтон дар иқлими нарму муътадил, намнокии зиёд ва сардӣ хуб нашъунамо менамоянд. Инчунин барои нашъунамои хуби ниҳоли дарахтон аз моддаҳои органикӣ, ки хеле самарабахш ҳастанд, бояд оқилона истифода намуд. Ҳамзамон истифодаи усули обмонии қатравӣ беҳтарин усул ва ба манфиат аст, зеро он то 60 фоизи талаботи ниҳолро бо об таъмин менамояд

Ҳикматулло Назиров изҳор дошт, ки «баландии ниҳол на камтар аз 1,20 ё 1,30 см, ғафсии танаи он 2-3 см буда, решаи он бояд се пойчаи реша ва решачаҳои ҷаббанда дошта бошад. Инро набояд фаромӯш сохт, ки пеш аз шинонидан ниҳолро 8 соат дар ширахок нигоҳ доштан лозим аст. Ширахокро мо аз поруи ҳайвонот, нуриҳои минералӣ ва обу хок омода месозем. Аҳамияти  ширахок он аст, ки системаи реша ва  вуҷуди онро бо об таъмин месозанд ва ниҳол тамоми ин ғизоро ба худ ҷаббида гирифта, баъд аз шинонидани он зуд мутобиқ мегардад. Ба  замине, ки намнокии он муътадил бошад, 5 ё 6 литр об ва агар намнокӣ кам бошад, зиёда аз 10 литр об рехтанамон зарур аст».

Бояд гуфт, парвариши хуби ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ба мавқеи ҷуғрофии ҳар минтақа вобаста аст. Масалан, дар вилояти Хатлон дарахтони мевадиҳандаи донакдор, зардолу, шафтолу, олу, гелос, бодом, хурмо, анор, писта, дар минтақаҳои кӯҳистони водии Рашт, ноҳияҳои Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод парвариши дарахтони мевадиҳандаи тухмакдор, ба мисли себ, нок, дар шароити табиии вилояти Суғд, ки бориш начандон зиёд аст, парвариши дарахтони донакдор, ба мисли зардолу, шафтолу, олу, олуболу афзалият дорад. Дар ноҳияҳои водии Зарафшон- Айнӣ, Панҷакент, Мастчоҳи Кӯҳӣ ва инчунин Шаҳристон ниҳоли дарахтони тухмакдор- себ, нок, дар Дарвоз меваҳои субтропикӣ, ба мисли анҷир, анор, дар Ванҷ –себ, нок ва дар Рӯшону Шуғнон зардолу, чормағз ва тут хеле хуб парвариш меёбанд.

Ҳикматулло Назиров тавсия медиҳад, ки барои нашъунамои хуби ниҳол ба он поруҳои маҳаллӣ ва нуриҳои минералӣ додан мумкин аст. Яке аз роҳҳои дигари ҳосили хуб гирифтан ин аст, ки моҳҳои декабр ва январ бояд ба боғ яхоб монда шавад. Зеро ин амал, бино ба ақидаи коршиносон, ниҳолро карахт нигоҳ медорад ва аз сардиҳои аввали баҳор муҳофизат менамояд. Инчунин ба нарм намудани зери ҳар бех ниҳол бояд аҳамият дода шавад, то ки ҳангоми иҷрои ин амал ба решаҳои он зарар нарасад.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 23, 2023 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд