МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ҳамоиш доир шуд

Декабрь 23, 2023 15:27

ДУШАНБЕ, 23.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  дар шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати иҷрои «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» дар мавзуи «Тарзу роҳҳои таъсирбахши пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» машварат доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

Зимни мулоқот оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ҳамзамон оид ба тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар шуд.

Таъкид шуд, ки пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон- ин маҷмуи чорабиниҳои дастҷамъона ва инфиродии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқию равонӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, ташкилоти давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, падару модарон ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо мақсади ошкор ва бартараф намудани сабабу шароити ба содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон мусоидаткунанда амалӣ мешавад.

Барои падару модар омӯзиши касбу ҳунар ва одоби ҳамидаи фарзанд мояи ифтихор аст. Ҳамин гуна тамоми паҳлуҳои зиндагӣ ва фаъолияти ибратомӯзи падару модар низ барои фарзанд шоистаи ифтихор мебошад. Волидон бобати маълумотнок ва соҳибкасб намудани фарзандон шароити зарурӣ ба вуҷуд оварда, барои интихоби касбу ихтисоси ба онҳо писанд бояд мусоидат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2011 дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  қабул шуд, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат аст. Қонун аз муқаррароти умумӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, уҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар парасторӣ ва таъмини маишати падару модар, уҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилоте, ки масъалаҳои вобаста ба тарбияи кӯдакро танзим менамоянд, чораҳои пешгирӣ ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар таълиму тарбияи фарзанд ва муқаррароти хотимавӣ иборат мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Декабрь 23, 2023 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо муовини Дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов мулоқот намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор зан ҳамчун хизматчии давлатӣ фаъолият мекунад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – КАФИЛИ РУШДИ ҶОМЕА. Андешаҳо дар мавриди Соли маърифати ҳуқуқӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи маъюбон дар Тоҷикистон давоми чор соли охир дар як сатҳ қарор дорад
Агентии обуҳавошиносӣ: «Аз 8 то 11 феврал дар Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст»
«МОДАР! ТУ БИҲИШТИ ҶОВИДОНӢ!». Таҳти ин унвон дар Суғд бахшида ба Рӯзи Модар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд
Дар Душанбе оид ба татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саммити чорум доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Хадамоти иҷро зиёда аз 44 ҳазор мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 109 хонаи аз офатҳои табиӣ зарардида барқарор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 барои нафақагирон маблағгузорӣ 48 фоиз зиёд гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо 26 маркази тадқиқотӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад
«ЗАНОН-ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар вилояти Хатлон беш аз 19 ҳазор занон роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд