МЕВАИ БОЛАЗЗАТ ВА ДОРОИ БӮИ ХУШ. Истеъмоли мандарин ба саломатии инсон ҳам фоида ва ҳам зарар дорад
ДУШАНБЕ, 31.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мандарин манбаи хуби витамини В ва С буда, истеъмоли он дар фасли зимистон ба мустаҳкам гардидани масуният (иммунитет) мусоидат менамояд. Вале истеъмоли аз ҳад зиёди мандаринро мутахассисони соҳаи тиб тавсия намедиҳанд, зеро он ба саломатии инсон зарар дорад. Дар таркиби ин меваи ситрусӣ фруктоза зиёд буда, он ба бунияи инсон таъсири манфӣ мерасонад.
Истеъмоли мандарин ба кадом беморон тавсия дода намешавад?
Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки одатан дар ин айём бозорҳо аз мандарин пур шуда, он яке аз меваҳои асосии дастархони мардуми мо мебошад. Вале набояд фаромӯш намуд, ки истеъмоли мандарин ба нафарони гирифтори бемории илтиҳоби шадиди роҳҳои нафас ва аллергия тавсия дода намешавад. Зеро ҳангоми чунин бемориҳо сулфа ва хориши роҳҳои нафас, ки аз истеъмили мандарин ба вуҷуд меояд, зиёд шуда, метавонад сабаби варам намудани роҳҳои нафас гардад.
Инчунин истеъмоли аз меъёр зиёди мандарин метавонад ба саломатии зани ҳомиладор ва кӯдаки батни ӯ таъсири манфӣ расонад. Истеъмоли ин навъи мева ба одамони гирифтори бемории захми меъда, гастрит ва дигар бемориҳои узвҳои ҳозима низ тавсия дода намешавад, зеро он сабаби авҷгирии беморӣ гардида метавонад.
Мандарин ба саломатии инсон чӣ фоида мерасонад?
Мандарин, ки меваи болаззат ва дорои бӯи хуш аст, барои бартараф намудани фарбеҳӣ кумак мерасонад. Таҳқиқот собит намудаанд, ки истеъмоли мандарин метавонад ба кам шудани чарбуи ҷигар ва чарбҳои шикам мусоидат намояд.
Афшураи тару тозаи мандарин ба кӯдакон ва беморон ҳамчун нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ тавсия дода мешавад. Дар ҳарорати баланди бадан он барои мубориза бо ташнагӣ кумак менамояд. Бинобар доштани хосиятҳои антисептикӣ мандарин таъсири зиддимикробӣ ва зиддивирусӣ низ дорад.
Табибон тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки бемории диабети қанд доранд, дар як рӯз набояд аз ду дона зиёд мандарин истеъмол намоянд. Истеъмоли ин меваи ситрусӣ барои кӯдакони аз 3-сола боло бо меъёри муайян тавсия дода мешавад.
Пӯсти мандарин барои баъзе бемориҳо фоидаовар аст
Ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб, пӯсти мандарин дорои равғани эфирӣ буда, барои табобати бисёр бемориҳо истифода мешавад. Аз ҷумла, барои бастани оби бинӣ хеле хуб аст. Ба оби ҷӯшида 2-3 дона пӯсти мандаринро илова намуда, 10 дақиқа нигоҳ доранд ва онро ба бинӣ чаконанд, манфиати хуб дорад.
Пӯсти мандарин дорои антиоксидантҳои зиёд буда, пайдоиши ҳуҷайраҳои саратонро пешгирӣ менамояд.
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард






