МО НИЁЗ БА ФАРҲАНГУ ЛИБОСИ БЕГОНА НАДОРЕМ! Андешаҳои муовини Раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода дар ин мавзуъ

Декабрь 24, 2023 13:33

ДУШАНБЕ, 24.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Мо, мардуми тоҷик аз қадим расму анъанаҳои худро ҷиҳати пӯшидани либоси миллӣ вобаста ба минтақаҳои мамалакатамон дорем. Аммо солҳои охир ба мушоҳида мерасад, ки аз тарафи бархе занони тоҷик пӯшидани либосҳои барои миллати мо бегона хеле зиёд шудааст. Бубинед, ки ниёгони мо  бо вуҷуди ҳуҷуми  аҷнабиён ба сарзамин ва ғасбу ғорати онҳо  талош намудаанд, ки хусусиятҳои хоси либоси миллӣ, яъне тоҷикиро нигоҳ доранд ва онро бе осеб ба насли оянда мерос гузоранд. Мо ҳам  вазифадорем, ки ба либоси миллӣ арҷ гузорем, баҳри муосиргардонии он тадбирҳои зарурӣ андешем ва онро бо сари баланд ба ояндагон мерос гузорем, зеро либоси милли як ҷузъи бисёр муҳими фарҳанги миллат маҳсуб шуда, онро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Чунин ибрози андеша намуд муовини Раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода ба АМИТ «Ховар».

Гуфтанӣ ҳастам, ки модарону хоҳарони мо бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд ва барои равнақи расму анъанаҳои гузаштаи мо вобаста ба пӯшидани либоси миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд ва ба либоси мардуми бегона тақлид насозанд.

Зуҳро Ҳакимзода мегӯяд, ки солҳои охир мушоҳида мегардад, ки ҳусни либоспӯшии занони тоҷик тадриҷан коста мешавад. Имрӯзҳо, мутаассифона, мебинем, ки духтарон ва баъзан занҳои тоҷик аз пушти мӯди хориҷии барои мо номуносиб рафта, либосҳое ба бар менамоянд, ки ба онҳо ҳеҷ зебанда нест, балки баръакс ҳусни зебои онҳоро коста мегардонад.

Дар робита ба ин масъала Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба Рӯзи Модар чунин таъкид намуда буданд: «Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони мамлакат, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳо низ ба раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо намуда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро байни занону духтарони мо паҳн намуда, мехоҳанд дар мамлакат боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд».

Боиси тассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегона намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намебаранд. Андеша намесозанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Агар яке аз рукнҳои ҳувияти миллӣ забон бошад, рукни дигараш либос ба ҳисоб меравад.

Зуҳро Ҳакимзода афзуд, ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мо аст, пас набояд фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯр-кӯрона ба бегонагон олуда созем, балки бояд онро бо рукнҳои миллии зебандааш ба ояндагон ба мерос гузорем. Бинобар ин имрӯз дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли ҷавон ва барои ваҳдати ҷомеа талош намудану бегонапарастӣ накардан аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешаванд.

Баробари фаро расидани фасли зебои баҳор талаботи занону духтарони тоҷик ба либосҳои миллӣ, аз ҷумла чакан ва атлас зиёд мегардад. Либоси миллӣ тараннумгари фарҳанги волои миллат аст. Моро дар навбати аввал аз тарзи либоспӯшиамон мешиносанд. Бинобар ин мо бояд унсурҳои миллию хоссаи худро дошта бошем.

Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки давоми қарнҳо зебоиашро гум насохта ва минбаъд низ гум наменамояд.

Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб шуда, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳо аст. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хоссаи зебо меояд, зеро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд. Пас месазад, ки ин олиҳаи зебоӣ ва латофат фарҳанги бегонаро аз худ дур намуда, рӯй ба оини муқаддаси аҷдодӣ ва либоси миллӣ оварад.

София Шоик,
АМИТ «Ховар»

АКС аз Зуҳро Ҳакимзода

Декабрь 24, 2023 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст