Мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» дар Русия такмили ихтисос намуданд

Декабрь 20, 2023 09:46

ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИИТ «Ховар»/. Соли равон беш аз 10 мутахассиси Маркази авиатсионии метеорологӣ ва истгоҳҳои авиатсионии метеорологии шаҳрвандии филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандон ва мутахассисони роҳбарикунанда дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия даври омӯзиширо муваффақона хатм намуда, соҳиби диплом ва шаҳодатнома гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба КВД «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, ки дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандон ва мутахассисони роҳбарикунанда дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия таълими фосилавӣ барои муҳандис-метеорологҳо ва техник-метеорологҳо дар мавзуъҳои «Таъминоти метеорологии авиатсионӣ, пешгӯӣ ва мушоҳидаҳо дар аэродромҳо мутобиқи стандартҳои тахассусии Ташкилоти ҷаҳонии метеорологӣ» гузаронида шуд.

Бояд ёдовар гардид, ки чунин омӯзиш тибқи нақша барои метеорологҳои авиатсионӣ на камтар аз як маротиба дар панҷ сол гузаронида мешавад. Ҳадафи омӯзиш такмил ва бозомӯзии кормандон ва инчунин мутахассисони ҷавони Маркази авиатсионии метеорологии корхона мебошад.

Роҳбарияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ҷиҳати ҷорӣ намудани воситаҳои автоматикунонӣ ва технологияҳои нави таъмини хизматрасонии метеорологӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, роҳҳои самаранокӣ ва эътимоднокии дастрасии маълумоти метеорологиро баланд мебардоранд, ки он ба воҳидҳои хизматрасони ҳаракати ҳавоӣ, экипажҳои нақлиёти ҳавоӣ ва дигар истифодабарандагони авиатсия пешниҳод мегардад.

АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

Декабрь 20, 2023 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст