Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 14-уми Шурои роҳбарикунандаи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Декабрь 2, 2023 11:10

ДУШАНБЕ, 02.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон ҷаласаи 14-уми Шурои роҳбарикунандаи  Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (БҲИМОМ) баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Восидиён иштирок  намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Фарҳод Восидиён иброз дошт,  ки Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ дар доираи БҲИМОМ таваҷҷуҳи хосса дода, аз давлатҳои аъзои он даъват намуд, ки ҳамкории зичи минтақавиро тақвият бахшанд.

Дар ҷаласа Нақшаи амалиётии Институти ҲИМОМ барои солҳои 2024-2025, Нақшаи қабули кормандон, Нақшаи буҷет барои соли 2024 ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.

Дар робита ба масъалаҳои баррасишаванда Роҳбари ҳайати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки фаъолияти тадқиқотии Институти ҲИМОМ дар самтҳои баргузор намудани омӯзишҳои амалӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори кадрӣ, ҷалби олимон ва пажуҳишгоҳҳои маҳаллӣ ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти илмӣ тақвият дода шавад.

Дар анҷоми ҷаласа Шурои роҳбарикунанда доир ба таҳкими ҳамкории минбаъда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 2, 2023 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид