Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 14-уми Шурои роҳбарикунандаи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон ҷаласаи 14-уми Шурои роҳбарикунандаи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (БҲИМОМ) баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Восидиён иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Фарҳод Восидиён иброз дошт, ки Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ дар доираи БҲИМОМ таваҷҷуҳи хосса дода, аз давлатҳои аъзои он даъват намуд, ки ҳамкории зичи минтақавиро тақвият бахшанд.
Дар ҷаласа Нақшаи амалиётии Институти ҲИМОМ барои солҳои 2024-2025, Нақшаи қабули кормандон, Нақшаи буҷет барои соли 2024 ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.
Дар робита ба масъалаҳои баррасишаванда Роҳбари ҳайати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки фаъолияти тадқиқотии Институти ҲИМОМ дар самтҳои баргузор намудани омӯзишҳои амалӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори кадрӣ, ҷалби олимон ва пажуҳишгоҳҳои маҳаллӣ ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти илмӣ тақвият дода шавад.
Дар анҷоми ҷаласа Шурои роҳбарикунанда доир ба таҳкими ҳамкории минбаъда қарорҳои дахлдор қабул намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






