Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Гурӯҳи кории UNECE оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи 7-уми Гурӯҳи кории Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.
Шараф Шерализода инчунин дар қисмати ифтитоҳӣ дар робита ба аҳамияти тақвияти фаъолияти муштарак дар самтҳои рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва ҳамгироии он ба хотири расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, аз ҷумла иқтисоди «сабз», неруи «сабз» ва паҳлуҳои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо UNECE дар соҳаҳои гуфташуда суханронӣ намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд






