ҶОМИ КФО-2023/24. Замони баргузории бозии дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон муайян шуд

Декабрь 7, 2023 09:12

ДУШАНБЕ, 07.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб рақобати ниҳоии худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 бо дастаи футболи «Алтин Асир»-и Туркманистон анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ 14 декабр, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чанд рӯз пеш дар шаҳри Ашқободи Туркманистон бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 байни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Марв»-и Туркманистон дар сатҳи баланд доир гардида, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Аз ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб голро дар дақиқаи 43-юм легионери танзаниягӣ Эммануэл Мваненго ва аз ҳайати дастаи «Марв»-и Туркманистон Якшисахет Довлетгелдиев дар дақиқаи 65-ум ба ҳадаф расониданд.

Пас аз панҷ даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо се имтиёз дар зинаи охири гурӯҳи «Е» ҷойгир аст.

Бозии аввали дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ 21 сентябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби мусовии 0 бар 0 анҷом ёфта буд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 7, 2023 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд