ПАРДОХТИ МАБЛАҒИ ҶАРИМА БА ТАВРИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид

Декабрь 19, 2023 11:38

ДУШАНБЕ, 19.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати шашум, ки 13 декабри соли 2023 баргузор гардид, вакилон масъаларо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тибқи иттилои Маҷлиси намояндагон, дар иҷлосия зимни баррасии масъалаи мазкур муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Карим Гулмуродзода гуфт, ки «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида ва таъмини иҷрои талаботи банди 6 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» таҳия гардидааст».

«Лоиҳаи ин қонун дар иртибот ба лоиҳаи тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моддаи нав илова гардида истодааст, таҳия шуда, баррасии моддаи 5411 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба ваколати мақомоти судӣ муайян менамояд. Инчунин, ба моддаи 87 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (ҳолатҳое, ки протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад) тағйирот пешбинӣ гардида, тибқи он, дар ҳолати  аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дар маҳали содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт гардидани маблағи ҷарима протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Дар ин ҳолат ҷазои маъмурӣ дар бланки ҳисоботдиҳии қатъӣ, ки намунаи он аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба расмият дароварда мешавад».

Дар шарҳи бештари ин масъала  узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ иброз дошт, ки «тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида,  қисмҳои 2 ва 4 моддаи 87 дар таҳрири нав ифода  мешаванд, ки дар асоси он шахсоне, ки кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки дар моддаҳои 324, 333 қисми 2, 340 қисми 1 ва 2951 пешбинӣ гардидааст, содир менамоянд, бе тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маблағи ҷаримаро ба таври ғайринақдӣ дар маҳали содиршавии кирдор пардохт менамоянд. Инчунин, ба қисми 5 моддаи мазкур ҷумлаи дуюм илова  мешавад, ки минбаъд ҳангоми аз тарафи ронандаи воситаи нақлиёт содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳуҷҷати ронандагии онҳо гирифта намешавад ва протоколи тартибдодашуда ба махзани ягонаи электронии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид  мешавад».

«Иловаҳои ба қисми 1 моддаи 93 ва қисмҳои 1 ва 3 моддаи 229 пешбинигардида ба тобеияти баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии моддаи 5411 ва масъалаҳои пардохти ғайринақдӣ вобастагӣ доранд»,-афзуд Баҳриддин Зиёӣ.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда,  тасдиқ гардид.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 19, 2023 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд