ПАРДОХТИ МАБЛАҒИ ҶАРИМА БА ТАВРИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид
ДУШАНБЕ, 19.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 13 декабри соли 2023 баргузор гардид, вакилон масъаларо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи иттилои Маҷлиси намояндагон, дар иҷлосия зимни баррасии масъалаи мазкур муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода гуфт, ки «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида ва таъмини иҷрои талаботи банди 6 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» таҳия гардидааст».
«Лоиҳаи ин қонун дар иртибот ба лоиҳаи тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моддаи нав илова гардида истодааст, таҳия шуда, баррасии моддаи 5411 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба ваколати мақомоти судӣ муайян менамояд. Инчунин, ба моддаи 87 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (ҳолатҳое, ки протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад) тағйирот пешбинӣ гардида, тибқи он, дар ҳолати аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дар маҳали содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт гардидани маблағи ҷарима протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Дар ин ҳолат ҷазои маъмурӣ дар бланки ҳисоботдиҳии қатъӣ, ки намунаи он аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба расмият дароварда мешавад».
Дар шарҳи бештари ин масъала узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ иброз дошт, ки «тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида, қисмҳои 2 ва 4 моддаи 87 дар таҳрири нав ифода мешаванд, ки дар асоси он шахсоне, ки кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки дар моддаҳои 324, 333 қисми 2, 340 қисми 1 ва 2951 пешбинӣ гардидааст, содир менамоянд, бе тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маблағи ҷаримаро ба таври ғайринақдӣ дар маҳали содиршавии кирдор пардохт менамоянд. Инчунин, ба қисми 5 моддаи мазкур ҷумлаи дуюм илова мешавад, ки минбаъд ҳангоми аз тарафи ронандаи воситаи нақлиёт содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳуҷҷати ронандагии онҳо гирифта намешавад ва протоколи тартибдодашуда ба махзани ягонаи электронии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешавад».
«Иловаҳои ба қисми 1 моддаи 93 ва қисмҳои 1 ва 3 моддаи 229 пешбинигардида ба тобеияти баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии моддаи 5411 ва масъалаҳои пардохти ғайринақдӣ вобастагӣ доранд»,-афзуд Баҳриддин Зиёӣ.
Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд






