Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кору хизматрасонии Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» дар ноҳияи Варзоб шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 29.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити кору хизматрасонии Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» шинос шуда, марҳилаи дуюми роҳи танобиро мавриди истифода қарор доданд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити созгори бахши сайёҳӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ дар мавзеи «Сафеддара» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафеддара» якчанд иншооти муҳими соҳаи сайёҳӣ бунёд гардида, сохтмони дигар инфрасохтор идома дорад.
Дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити қабули мизоҷон дар коттеҷи чӯбини дуошёна шинос шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи тадбирҳои ба сомонрасида изҳори қаноатмандӣ намуда, ба сифати корҳо баҳои баланд доданд.
Президенти мамлакат ба масъулин ҷиҳати боз ҳам тақвият додани корҳои сохтмонӣ ва ташкили инфрасохтори зарурӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони коттеҷҳои нав дар саҳни ҳавлии маҷмаа муаррифӣ шуд.
Пешвои миллат дар назди стансияи болоии Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» бо тарабхонаи нав шинос шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ ва қабули мизоҷон дар тарабхонаи нав бо пахши тугма ба фаъолияти хати дуюми роҳи танобӣ оғоз бахшиданд.
Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафеддара» ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат марҳилаи сеюми корҳои бунёдиву созандагиро оғоз намуданд.
Соли равон дар асоси шартнома бо ширкати «Допелмайер»-и кишвари Австрия сохтмони хати дуюми роҳи танобӣ ба итмом расид.
Стансияи поёнии ин роҳи танобӣ дар баландии 2590 метр аз сатҳи баҳр ва стансияи болоӣ дар баландии 3020 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Дарозии хати роҳи танобии дуюм 1600 метр буда, аз 21 кабина иборат мебошад. Дар маҷмуъ дарозии ҳарду роҳҳои танобӣ 3600 метрро ташкил дода, 42 кабина дорад.
Тавассути роҳи нави танобӣ Сарвари давлат бо корҳои дар мавзеъ ба анҷомрасида шинос шуданд.
Дар стансияи болоии Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ роҳи нави лижаронии «Сомонӣ»-ро ифтитоҳ намуда, ба оғози ҳаракати лижаронҳо дар ин масир оғоз бахшиданд.
Роҳи нави лижаронии «Сомонӣ» бо дарозии 7,2 км сохта шудаст.
Акнун бо бунёди роҳи нави лижаронӣ на танҳо варзишгарони навтаҷриба, балки лижаронҳои касбии сатҳи байналмилаливу минтақавӣ метавонанд аз он истифода намоянд. Дар умум роҳи лижаронӣ дар маҷмаа аз поён то ба боло 30 км-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди маҷмаа 10 коттеҷи 1 ва 2-ошёнаи сохти замонавӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла, 6 ададаш аз маҳсулоти муосири сохтмонӣ ва 4 адади дигараш аз чӯби гирдшакл бо услуби аврупоӣ сохта шудааст.
Дар коттеҷҳо барои аз 4 то 8 нафар ҷои хоб пешбинӣ гардидааст. Инчунин дар назди стансияи болоии роҳи танобӣ дар баландии 2590 метр тарабхонаи «Чаман» бо услуби миллӣ бо зиёда аз 100 ҷойи нишаст сохта шудааст.
Ҳамзамон дар маҷмаа бинои нав, ки дар он нуқтаи тиббӣ, хазина ва сервери идоракунии коммуникатсияи иттилоотӣ ҷойгир шудааст, бунёд ёфтааст.
Баъди шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар ободу зебо гардонидани ин минтақаи дорои табиати нотакрори диёр баҳои баланд доданд.
Ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки барои дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин мавзеъ, ҷалби бештари сайёҳону меҳмонон, тарғибу ташвиқи намудҳои варзиши зимистона дар байни аҳолии мамлакат, ба сатҳи байналмилалӣ баровардани хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхона, марказҳои савдо ва таъмини лавозимоти варзишию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ ва роҳҳои танобӣ тадбирҳо андешанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони нави давлатҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик
Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд






