Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Алӣ ал-Сайеғ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 02.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар доираи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Алӣ ал-Сайеғ мулоқот намуданд.
Дар рафти суҳбати гарму самимӣ масъалаи густариши муносибатҳои ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Аз Вазири давлатии Аморот даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш аз Тоҷикистон боздид ба амал оранд.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.








Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






