Президенти амалкунандаи Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси дар интихоботи президентӣ бо 89,6 дарсади овозҳо пирӯз шуд

Декабрь 19, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти амалкунандаи Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси дар интихоботи президентии соли 2024 бо 89,6 дарсади раъйи мардум пирӯз шуд. Дар ин хусус рӯзи душанбе Комиссияи миллии интихоботи Миср (NEC) хабар дод. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар додааст.

Дар нишасти хабарӣ дар пойтахти давлат- Қоҳира Комиссияи миллии интихоботӣ хабар дод, ки иштирок дар интихобот 66,8 фоизи 67 миллион интихобкунандаи қобили овоздиҳиро ташкил додааст.

Раъйдиҳӣ дар Миср аз 10 то 12 декабр баргузор шуд, дар ҳоле ки мисриҳо дар хориҷи давлат дар 121 кишвари ҷаҳон аз 1 то 3 декабр раъй доданд.

Барои мақоми сарвари давлат 4 номзад: Абдулфаттоҳ ас-Сиси, Фарид Заҳрон аз Ҳизби сотсиал-демократии Миср, Абдул Санад Ямама аз ҳизби “Вафди нав” ва Хазем Умар аз Ҳизби халқии ҷумҳуриявӣ мубориза бурданд.

АКС: «Синхуа»

Декабрь 19, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд