Президенти амалкунандаи Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси дар интихоботи президентӣ бо 89,6 дарсади овозҳо пирӯз шуд
ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти амалкунандаи Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси дар интихоботи президентии соли 2024 бо 89,6 дарсади раъйи мардум пирӯз шуд. Дар ин хусус рӯзи душанбе Комиссияи миллии интихоботи Миср (NEC) хабар дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар додааст.
Дар нишасти хабарӣ дар пойтахти давлат- Қоҳира Комиссияи миллии интихоботӣ хабар дод, ки иштирок дар интихобот 66,8 фоизи 67 миллион интихобкунандаи қобили овоздиҳиро ташкил додааст.
Раъйдиҳӣ дар Миср аз 10 то 12 декабр баргузор шуд, дар ҳоле ки мисриҳо дар хориҷи давлат дар 121 кишвари ҷаҳон аз 1 то 3 декабр раъй доданд.
Барои мақоми сарвари давлат 4 номзад: Абдулфаттоҳ ас-Сиси, Фарид Заҳрон аз Ҳизби сотсиал-демократии Миср, Абдул Санад Ямама аз ҳизби “Вафди нав” ва Хазем Умар аз Ҳизби халқии ҷумҳуриявӣ мубориза бурданд.
АКС: «Синхуа»








Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид






