Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ниҳодҳои парлумонӣ дар ҳошияи Конфронси 28 ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок менамояд

Декабрь 5, 2023 11:03

ДУШАНБЕ, 05.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Имрўз Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ниҳодҳои парлумонӣ дар ҳошияи Конфронси 28 ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мачлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар ин сафар Маҳмадтоир Зокирзодаро Раиси комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар кори Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим намояндагони зиёда аз 140 мақомоти миллии парлумонӣ иштирок менамоянд.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 5, 2023 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд