РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ-2025. Он доираҳои олии сиёсиро ба қабул ва татбиқи амалии қарорҳои дахлдор нисбат ба мушкилоти об водор менамояд

Декабрь 24, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 24.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Таҳлили раванди таърихии ташаккули муносибатҳо дар соҳаи об нишон медиҳад, ки он ҳамчун сарвати табиӣ заминаи бунёдии тамаддуни ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, аз рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноат то арзишҳои фарҳангию динии ҷомеаро фаро мегирад. Дар ин замина, сиёсати об танҳо фарогири об ва фазои обӣ нест, балки он субъекти муносибатҳои гуногунарса, таъмини ҳаёти осоишта ва устувор мебошад»,- чунин нигоштааст муовини сардори шуъбаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Каримов дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.

Дар зер матни пурраи он манзур мешавад.

— Хосияти об ҳамчун сарвати табиӣ дар он ифода ёфтааст, ки онро  ҳеҷ фард ва давлату ташкилоти дигар наметавонад дар сарҳадҳои маъмурию сиёсӣ нигоҳ дорад. Ин омил боиси ба вуҷуд омадани дарёҳои фаромиллию фаромарзӣ ва ҳавзаҳои ягонаи обӣ байни давлатҳо ва минтақаҳои гуногун гардидааст. Ин ҳолат обро ба воситаи таъсиррасонии сиёсӣ байни давлатҳо табдил додааст, ки давлатҳои дар саргаҳи ташаккули захираҳои об қарордошта метавонанд болои давлатҳои поёноб ё обистеъмолкунанда масъала гузоранд ва ё ба ин восита таъсири сиёсию иқтисодии худро расонанд. Дар ҳамин замина об предмети муносибатҳои байналхалқӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ гардида, ба масъалаи доимбаррасишавандаи чорабиниҳои сиёсӣ табдил ёфтааст ва яке аз мавзуъҳои мубрам ва авлавиятдоштаи сатҳи олии сиёсӣ гардидааст.

Имрӯз бо назардошти торафт таъсиргузор гардидани омили об ба муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавию байнидавлатӣ зарурати омӯзиши ҳамаҷонибаи илмии дипломатияи об ба вуҷуд омадааст. Таҳқиқи илмии мафҳум, моҳият, зарурат ва хусусияти хоси дипломатияи об ва муайян намудани ҷойгоҳи он дар сохтори илмҳои сиёсӣ ва низоми муносибатҳои ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ мешавад. Ҳамзамон бо назардошти ҷойгоҳи махсус доштани омили об дар муносибатҳои байнидавлатии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамбастагии зиёди обӣ байни онҳо зарурати таҳкими ҳамаҷонибаи дипломатияи об дар муносибатҳои минтақавию байнидавлатӣ дар ин паҳнои ҷуғрофӣ баланд арзёбӣ мегардад.

Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ, тавсеаи масоҳати заминҳои кишоварзӣ, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти муҳити зист масъалаи норасоии оби тоза, баҳрабардорӣ аз рӯдҳои хурду бузурги фаромарзӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба об ба омилҳои таъсиргузор ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Дар ин самт Осиёи Марказӣ аз минтақаҳои ҳассос ба шумор меравад. Тоҷикистон чун давлати дорои захираҳои фаровони об ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи он захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад.

Равандҳои ҳамгироӣ дар муносибатҳои муосири байналмилалӣ тамоюл ва намунаи рӯзафзуни рушди ҷаҳон буда, омӯзиши онҳо ба ҳалли бисёр мушкилоти нави ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар қарни ҷорӣ, ки ҷаҳон бори аввал бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, мусоидат менамояд. Барои пешбурди раванди ҳамгироӣ заминаҳои дастурӣ ва сиёсию ҳуқуқие зарур ҳастанд, ки ба ҳолат, шароит ва воқеияти зудтағйирёбандаи имрӯз ҷавобгӯ бошанд. Алалхусус ин масъала дар муносибат бо захираҳои об ва пешбурди дипломатияи муосири об возеҳу равшан намоён мегардад.

Ин раванд бояд тамоми ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва гурӯҳҳои фаъоли дигари ҷомеаро дар бар гирад. Дар баробари ин ба шароити зиндагии табақаҳои камбизоат ва осебпазири аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҳеҷ кас бояд аз ин раванд дар канор намонад ва ин раванд бояд фароумумӣ бошад, ки ин принсипи асосии шакли муосири дипломатияи об мебошад. Ин нишондиҳандаҳо арзиши воқеӣ ва таркибии дипломатияи муосири об буда, паҳно ва арсаи он фарогири маҷмуи умумии масъалаҳои вобаста ба об мебошад.

Бо назардошти ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ  ҷойгоҳи шоиста дошта, ҳамчун мамлакати пешсафи татбиқкунандаи ҳадафҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар роҳи ҳалли мушкилоти соҳаи об шинохта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори муколамаи об дар ҳамаи сатҳҳо мебошад ва бо маром дипломатияи обро пеш мебарад.

Ҳанӯз аз охири қарни XX ва аввали асри XXI Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои илман асоснокшударо ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ манзур намуда, онро то кунун дар сатҳи баланд идома медиҳад. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускори силсилаи иқдомоти ҷаҳонӣ дар соҳаи об эътироф гардида, пойтахти он- шаҳри Душанбе ба маркази муколама ва дипломатияи об табдил ёфтааст. Бо назардошти мунтазаму бефосила ва самарабахш баргузор гардидани маҷмуи чорабиниҳои вобаста ба об дар шаҳри Душанбе он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» эътироф гардида, фарогири ғояҳои башардӯстона ва ба нафъи кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида мебошад.

Раванди оби Душанбе ҳамчун ниҳоди байналмилалии пешбарандаи муколама ва дипломатияи муосири об дар таҳкими заминаҳои сиёсӣ, дастурӣ, ҳуқуқӣ ва илмию таълимии масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ нақши воқеӣ гузошта, раванди мунтазами пешбурди ташаббусҳои ҷаҳониро дар соҳаи об ба вуҷуд оварда, мавзуъҳои оби тоза ва дастрасӣ ба он, об барои ҳаёт, ҳамкорӣ дар соҳаи об, коҳиши офатҳои табиии марбут ба об, об-иқлим, амнияти об ва об барои рушди устуворро бо ҷалби таваҷҷуҳ ва иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди пайгирӣ қарор додааст.

Раванди оби Душанбе – маҷмуи чорабиниҳои мунтазам баргузоршавандаи сатҳи баланди байналмилалии Тоҷикистон дар доираи ҳамшарикӣ бо СММ, дигар ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ ва кулли давлатҳои ҷаҳон дар соҳаи пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об ва сиёсати об дар арсаи байналмилалӣ, инчунин платформаи ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ дар соҳаи об мебошад.

Бояд гуфт, ки маҷмуи чорабиниҳои дар доираи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об амалигардида ба рушди ҳамаҷонибаи дипломатияи об мусоидат намуда, заминаҳои мусоидро дар ин самт фароҳам овард. Бори нахуст дар сатҳи ҷаҳон маҳз дар шаҳри Душанбе дипломатияи об ҳамчун самти нави муносибатҳои дипломатӣ ва байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва арзёбӣ қарор дода шуд ва он дар доираи сатҳи олии сиёсӣ баррасӣ гардид. Дар ин замина моҳият, мазмун, зарурат ва ногузир будани дипломатияи об дар шароити муосир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ҳамзамон дарки моҳият ва зарурати дипломатияи муосири об аз дарки анъанавии он мавриди арзёбӣ қарор гирифта, дипломатияи муосири об ҳамчун шарти зарурии ҳаёти осоишта дар сайёра дониста шуд.

Баррасии ҳамбастагии захираҳои об ва раванди тағйирёбии иқлим, ҳифз ва рушди захираҳои об ҳамчун заминаи асосии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани пайомадҳои манфии он дар ин конференсия ҷойгоҳи махсус дошт. Дар асоси барнома, конференсия дар доираи ду ҷаласаи умумӣ, дувоздаҳ панели мавзуӣ ва интерактивӣ, форумҳои махсус, намоишгоҳ, фестивали об, марафон ва дигар чорабиниҳои вобаста ба об баргузор шуд, ки дар онҳо зиёда аз ду ҳазор иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони ҳукуматҳо, роҳбарони зерниҳодҳои СММ, мудирони кулли созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони соҳавӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд иштирок намуданд. Панелҳои конференсия дар се гурӯҳ баргузор шуданд, ки мавзуъҳои асосии онҳоро об барои саломатӣ ва одамон, об барои воситаҳои зиндагӣ ва рушди фарогир, об, муҳити зист ва устувории иқлим ташкил намуданд.

Дар раванди тағйирёбии иқлим пиряхҳои маҳфуз дар хушкӣ, ки сарчашмаи асосии захираҳои оби ошомиданӣ ва кишоварзӣ дар саросари ҷаҳон маҳсуб мешаванд, ба маротиб коҳиш ёфта, қисми зиёди онҳо аз байн мераванд ва ин ҳолат буҳрони ҷаҳонии обро ба вуҷуд оварда, таъмини амнияти обро душвор мегардонад. Бо назардошти ин ҳолат дар заминаи ташаббуси навбатии байналмилалии ҷониби Тоҷикистон дар доираи Раванди оби Душанбе соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар ин конференсия ҳадафу уҳдадориҳои ҷонибҳои манфиатдор дар самти ҳифзи пиряхҳо мушаххас гардад.

Имрӯз Тоҷикистон таҷрибаи бойи пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии обро доро гардидааст ва бо доштани шароити мусоиди табиӣ, аз ҷумла захираҳои азими обӣ макони мусоиди ҳамгироиҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар соҳаи об мебошад. Тоҷикистон имконият дорад дар заминаи силсилачорабиниҳои дар доираи Раванди оби Душанбе баргузоршаванда на танҳо ба таври назариявӣ, инчунин дар амалия ҷомеаи ҷаҳониро бо мушкилоти ҷаҳонии об, аз ҷумла таъсири раванди тағйирёбии иқлим ба захираҳои об – коҳиши маҷрои оби дарёҳои фаромарзӣ, обшавии босуръати пиряхҳо, зарурати бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ва ҳифзи захираҳои об аз наздик шинос намояд. Чунин амал метавонад иштирокчиёни Раванди оби Душанберо бо воқеияти мушкилоти об аз наздик шинос намуда, доираҳои олии сиёсиро ба қабул ва дар амал татбиқ намудани қарорҳои дахлдор водор созад. Махсусан, чунин амалкард метавонад боиси бештар гардидани маблағгузории соҳаи об шавад, ки яке аз роҳҳои асосии ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон мебошад.

Зарур аст, ки бо истифода аз натиҷаҳои ба дастомада Раванди оби Душанбе ҳамчун ниҳоди доимамалкунандаи сатҳи байналмилалӣ ва платформаи ҳамгироии байналмилалӣ доир ба пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об эътироф шавад ва доираи фарогирии он аз баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба пешбурди лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионӣ дар соҳаи об ва таҳқиқоти муштараки илмии сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи об васеъ гардад.

Тоҷикистон дорои шароити комилан мусоиде мебошад, ки дар фосилаи ҳар ду соли байни конференсияҳои байналмилалии дар доираи Раванди оби Душанбе баргузоршаванда бо ҷалби мутахассисони ҷаҳонӣ тамоми мушкилоти вобаста ба об – мушкилоти гидроэкологӣ, коҳиши захираҳои об, обшавии босуръати пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, офатҳои табиии марбут ба об мавриди омӯзиши илмӣ қарор гиранд ва натиҷаҳои он дар конференсияҳо пешниҳоди иштирокчиён гарданд. Ин раванд бояд пурра аз ҷониби ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мавриди маблағгузорӣ қарор дода шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
«Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват шуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд