Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд

Декабрь 25, 2023 15:51

ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 барои Тоҷикистон ва Беларус соли пурсамар гардид. Дар ин муддат бисёр чорабиниҳои муштарак гузаронида, даҳҳо санадҳо ба имзо расонида шуданд, ки  ҳамкории ду давлатро ба сатҳи сифатан нав бароварданд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко дар бораи ин дастовардҳо ва дурнамои ҳамкорӣ ба хабарнигорони АМИТ «Ховар» ба таври муфассал изҳори назар намуд.

-Муҳтарам Виктор Александрович, соли 2023 ба охир мерасад, шумо  натиҷаҳои онро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

— Воқеан, мулоқоти имрӯзаи мо дар арафаи соли 2024 баргузор гашта истодааст. Ин давра аз рӯи анъана бо ҷамъбасти натиҷаҳо ва муайян намудани нақшаҳои оянда хос мебошад.

Мутаассифона, ман бояд иқрор шавам, ки соли 2023 барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ соли хеле душвор буд. Ин сол ба бештари кишварҳо сулҳу осоиш  наовард. Муноқишаҳои ҳарбӣ то ҳол идома доранд ва одамон ҳалок мешаванд.

Ин вазъ ба паст шудани сатҳи амнияти ҷаҳонӣ, афзоиши миллатгароӣ, бегонаситезӣ ва парокандагӣ  мусоидат менамояд.

Дар ҷамъбасти ин мавзуъ мехостам ба ваҳдати минбаъдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи сулҳу субот ва шукуфоӣ дар ҳамаи давлатҳо  изҳори умед  намоям.

— Дар ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2023  муносибатҳои Беларус ва Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

-Соли 2023 барои давлатҳои мо пур аз воқеаҳои некбинона ва ояндасоз буд. Дар робита ба ин, ман бояд  рушди муносибатҳои дуҷонибаи Беларус ва Тоҷикистонро, ки хусусияти шарикии стратегӣ доранд, махсус иброз намоям.

Чун анъана муносибатҳои мо дар сатҳи олӣ ва фаъолона инкишоф меёбанд. Дар доираи чорабиниҳои байналмилалӣ ва ҳамгироӣ мунтазам мулоқотҳои кории Сарони давлатҳо баргузор мешаванд. Муносибатҳои дӯстона ва созанда байни онҳо такони иловагӣ бахшида, ба густариши самтҳои ҳамкории дуҷониба заминаи хуб фароҳам меоранд. Заминаи муқарраршудаи ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки қариб дар тамоми соҳаҳо ҳамкории самаранок анҷом дода шавад.

Дар рушди муносибатҳои дуҷониба мо на танҳо ба таъмини маҳсулот, балки ба густариши ҳамкорӣ, бунёди лоиҳаҳои муштараки дарозмуҳлат, корхонаҳои васлкунӣ дар соҳаи техникаи кишоварзӣ, лифтҳо, маҳсулоти ширӣ, трансформаторҳо ва дигар соҳаҳои ояндадор таваҷҷуҳ намудем. Ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки Тоҷикистон ва Беларус дар бисёр соҳаҳо метавонанд мубодилаи молу маҳсулот намоянд.

Дар ин замина мо ба рушди ҳамкории байниидоравӣ, байниминтақавӣ ва густариши робитаҳои доираҳои соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хосса медиҳем.

Дар натиҷа, дар ду соли охир беш аз 30 сафари сатҳи олӣ ва беш аз 200 сафари дуҷониба — дар сатҳи минтақавӣ ва ҳамчунин дар байни доираҳои тиҷоратии ду давлат доир шуданд.

Механизми самараноки баргузории Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва техника, Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамлу нақли байналмилалии нақлиётӣ мебошанд. Дар айни замон барномаи «Харитаи роҳ» оид ба ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 амалӣ мешавад.

Бо мақсади таҳияи самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ соли 2023 ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар айни замон корҳои дахлдор оид ба таҳияи лоиҳаи эҳтимолии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси «Ширкати сармоягузории Тоҷикистон ва Беларус» идома доранд.

Нақшаи чорабиниҳо («Харитаи роҳ») оид ба рушди ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2024-2025 мувофиқа  шуд, ки имзои он ояндаи наздик дар назар аст.

Ҳамкорӣ дар самти  сиёсати хориҷӣ босуръат инкишоф меёбад, ки ин ба таъмини дастгирии мутақобилаи давлатҳои мо дар арсаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи иттиҳодияҳои ҳамгироӣ мусоидат менамояд.

Хамкории зичи байнипарлумонӣ амалӣ шудааст. Мақомоти қонунгузории ду давлат барои рушди ҳамкории парлумонии Беларус ва Тоҷикистон гурӯҳҳои дахлдор таъсис додаанд. Вакилони парлумони ду давлат ба таври анъанавӣ дар чорабиниҳои муҳиме, ки дар Беларус ва Тоҷикистон баргузор мешаванд, иштирок менамоянд.

 

-Ҷаноби Сафир, тавре шумо иброз намудед, байни мамлакатҳои мо  робитаҳои дӯстона барқарор шудаанд. Ҳамкории дуҷониба дар соҳаи гуманитарӣ чӣ гуна амалӣ мешавад?

— Ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маориф ба таври мусбат инкишоф меёбад. Барои ҳамкории дуҷониба заминаи кофии меъёрию ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, якчанд созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ мавҷуд ҳастанд ва 165 созишномаи мустақим байни донишгоҳҳо баста шудаанд.

Созишномаи муштарак дар бораи додани ҳуқуқҳои баробар ба шаҳрвандони давлатҳои аъзои Шартнома дар бораи таъмиқи ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ аз 29 марти соли 1996 барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилотӣ  амал менамояд.

Мутобиқи он ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон дода мешавад, ки ба тамоми муассисаҳои таҳсилоти касбии техникӣ, миёнаи махсус ва олии давлати мо тибқи ҳамон шароите, ки ба шаҳрвандони Беларус дода шудааст, дохил шаванд.

Ҷониби Беларус дар чаҳорчӯби созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва баъдӣ  ҳамасола панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро барои таҳсил дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Беларус ба таври ройгон қабул менамояд. Албатта, ин шумора он қадар зиёд нест, вале мо тайёр ҳастем, ки ин масъаларо мухокима намоем, то барои мамлакати шумо мутахассисони зарурӣ омода шаванд.

Ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон дар Беларус  имкони тариқи грант таҳсил намудан   доранд. Бори дигар ба таваҷҷуҳи хоҳишмандон мерасонам, ки Вазорати маорифи Беларус ҳоло дар бораи ҷудо намудани чор гранти таълимии таҳсил барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли таҳсили 2024/2025 қарор қабул намудааст. Довталабон дар мактабҳои олӣ барои омӯзиш аз рӯи ихтисосҳои «Тибби умумӣ» ва  «Информатика ва технологияи барномасозӣ» ба забони русӣ қабул  мешаванд.

Зимнан иброз медорам, ки дар соли таҳсили 2022/2023  508  шаҳрванди Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус таҳсил намудаанд, ки аз ин шумора 42 нафар аз ҳисоби буҷаи  ҷумҳуриявии давлати мо дониш омӯхтаанд.

Мо  дар соҳаи маориф ба татбиқи муштараки лоиҳаҳои мутақобилан судманд низ таваҷҷуҳ зоҳир менамоем. Дар донишкадаҳои олии шаҳри Душанбе чор факултаи муштараки Беларус ва Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ки хатмкунандагонашон дипломи намунаи давлатии Ҷумҳурии  Беларусро мегиранд.

Аз ҷумла, аз соли 2018 дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Маркази маориф, илм ва фарҳанги Беларус фаъолият дорад. Моҳи сентябри соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази забони беларусӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ифтитоҳ ёфт.

Ҳоло гузарондани намоишгоҳу ярмаркаҳои таълимӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳамин тариқ, моҳи майи соли 2023 Намоишгоҳ-Ярмаркаи XI байналмилалии «Маорифи Русия-Беларус. Тоҷикистон-2023» баргузор шуд. Ҷониби моро дар чорабинӣ даҳ муассисаи таҳсилоти олӣ ва Маркази равобити байналмилалии Вазорати маориф намояндагӣ намуданд.

Ҳамасола муносибатҳо байни донишгоҳҳои ҳарду мамлакат мустаҳкам мешаванд. Моҳи октябри соли 2023 дар Минск Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат баргузор гардид, ки дар доираи он Нақшаи чорабиниҳои муштарак байни вазоратҳои маорифи Беларус ва Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 ва 29 созишномаи байнидонишгоҳӣ ба имзо расиданд.

Муносибатҳо дар соҳаи варзиш ва сайёҳӣ низ бо суръат рушд менамоянд. Варзишгарони Беларус ва Тоҷикистон дар чорабиниҳои варзишие, ки дар давлатҳои мо баргузор мешаванд, мунтазам иштирок меварзанд.

Боварӣ дорам, ки ҳамкории фаъолона дар соҳаи гуманитарӣ байни мамлакатҳои мо ҷанбаи мусбат барои рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона байни халқҳоямон маҳсуб мешавад.

— Ҷаноби Сафир, дар мавриди рушди ҳамкории байнипарлумонӣ байни давлатҳои мо маълумот медодед.

-Ман иброз медорам, ки ҳамкории байнипарлумонӣ яке аз ҷузъҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба байни давлатҳои мо мебошад.  Муносибатҳои байнипарлумонии Беларус ва Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки рушди равандҳои ҳамгироӣ самаранок таъмин ва тавозуни мусбати муколамаи сиёсӣ нигоҳ дошта шавад. Аъзои парламенти мо мунтазам ба мамлакатҳои  якдигар сафар менамоянд.

Тавре ман қаблан изҳор доштам, дар мақомоти олии қонунгузории ду давлат гурӯҳҳои дахлдор оид ба ҳамкории дуҷониба таъсис дода шудаанд. Моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки гурӯҳи дӯстии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Интизор меравад, ки мулоқоти навбатӣ дар Минск баргузор шавад.

Дар чаҳорчӯби ҳамкории муштарак маъмулан вакилони парлумонии ду давлат ҳамчун нозирони интихоботи Беларус ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Моҳи майи соли 2023 дар шаҳри Минск вакилони тоҷик дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парлумонии СААД ва дар конфронси байналмилалии илмию амалии «Назария ва амалияи ҳуқуқи интихобот» иштирок намуда буданд.

Қобили тазаккур аст, ки ба шарофати муносибатҳои дӯстона ва эътимодбахш вакилони парлумони Беларус ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сохторҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба ҳамдигар кумак мерасонанд. Мо ба густариши муколамаи байнипарлумонӣ бо Тоҷикистон ҳам дар қолаби дуҷониба ва ҳам дар платформаҳои байналмилалӣ хеле манфиатдор ҳастем.

Дар робита ба ин, интизорем, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Беларус сафари расмӣ анҷом медиҳанд. Ин сафар барои инкишофи муносибатҳои минбаъдаи байни мамлакатҳоямон аҳамияти калон дорад.

— Дар хотима ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ таманно доред?

— Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам  ҳамагонро бо соли нави 2024 самимона табрик намоям.  Мояи хушнудӣ аст, ки сарфи назар аз равандҳои печидаи геополитикӣ дар ҷаҳон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус дар соли сипаришуда бо суръат идома ёфт.

Ин ба шарофати саъю кӯшиши муштараки сарони давлатҳои Беларус ва Тоҷикистон имконпазир гардид, ки давоми даҳсолаҳо муносибатҳои шарикии боэътимодро дар асоси принсипҳои эҳтироми ҳамдигар ва муколамаи баробар амалӣ намудаанд.

Боварӣ дорам, ки дӯстӣ ва муносибатҳои қавӣ байни мамлакатҳо ба нафъи халқҳои мо буда, минбаъд низ  мустаҳкам мешаванд.

Бигзор соли нав пур аз рӯйдодҳои дурахшону фараҳбахш ва  идомаи корҳои неку оғози дастовардҳои нав гардад!

Аз самими қалб ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон саломатии бардавом, хушбахтӣ, шукуфоӣ ва  сулҳ таманно дорам! Ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар соли 2024 комёбиву пешравиҳои эҷодӣ хоҳонам!

Елена БАТЕНКОВА,
  Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 25, 2023 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид