«Шаббода»-и адиб Иззатбек Идизода ғолиби озмуни «Китоби сол -2023» гардид
ДУШАНБЕ, 03.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 29 ноябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2023» ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян шуданд. Дар бахши китоби назм асари «Шаббода»-и Иззатбек Идизода (нашриёти «Адиб») ғолиби озмун дониста шуд.
Адиб дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки китоби «Шаббода» осори мунтахаби ӯ буда, аз бобҳои «Меҳри диёр», «Гулу гиря» ва мақолаҳои гуногун иборат мебошад.
Ҳамзамон адиб шеърҳои зиёди баландмазмун эҷод намуда, ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шеърҳои ватандӯстонааш дар озмуни Иттифоқи нависандагон ҷои аввалро гирифтанд.
Бояд гуфт, ки адиб аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, 15 декабри соли равон дар Иттифоқи нависандагон базми ширу шакари ӯ бо иштироки овозхононе, ки ашъорашро сароидаанд, баргузор мегардад.
Иззатбек Идизода 15 декабри соли 1953 дар ноҳияи Комсомолобод (имрӯза Нуробод) чашм ба олам кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1971 ба факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1976 хатм намудааст.
Муддате ба ҳайси котиби масъули рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Комсомолобод», котиби масъули Ҷамъияти «Дониш»-и ноҳия ва муҳаррири варзидаи идораи «Ахбор»-и Радиои Тоҷикистон, ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» ва баъдан мудири шуъбаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» кор кардааст.
Шеъру мақола ва очерку лавҳаҳояш аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ мерасанд.
Гулчини офаридаҳояш дар беш аз 10 маҷмуаи дастҷамъӣ ва китобҳои «Ба ҷӯи нав об омад» (1981), «Шаббода» (1989), «Духтари шаб» (2003) ва «Як гули садбарг» (2014) пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардидааст.
Инчунин чанде аз навиштаҳояш ба забонҳои русиву узбекӣ ва англисӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Дар айни замон ӯ китоберо бо номи «Дар лаби чашма» бо се забон омодаи чоп намудааст, ки рӯзҳои наздик дастраси хонандагон мегардад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






