«ШОҲИ МЕВАҲО». Бо истифода аз мавсими хурмо ин меваро ба нафъи саломатӣ бояд истеъмол намуд

Декабрь 3, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 03.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрўзҳо дар бозорҳои Тоҷикистон меваи хурмо бештар гашта,  1 киллограмаш   вобаста ба сифати он   аз 4 то 10 сомонӣ нарх дорад. Ҳоло, ки мавсими хурмо аст, аз истеъмоли он барои саломатӣ истифода бояд бурд. Дар таркиби  ин мева витаминҳои A, C ва P, микроэлементҳо, қанд, сафедаҳо, кислотаи лимў ва дигар моддаҳои биологии фаъол буда, аз ҳама муҳимаш миқдори зиёди йод мавҷуд аст. Тафсилоти бештари АМИТ «Ховар»  дар ин мавзуъ  манзур мегардад.

Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Ҳикматулло Назиров иброз дошт, ки  «агар меваи пухтаи хурморо дар ҷойи  муътадил нигоҳ дорем, то 6 моҳ хусусияти худро гум намекунад. Бо такя ба маълумоти сарчашмаҳо метавон гуфт,  ки ватани аслии хурмо Чин мебошад. То имрӯз доир ба навъу намуди он андешаҳо гуногунанд ва бештари олимон бар он назаранд, ки қариб 200 навъи дарахти хурмо ба ҳисоб гирифта шудааст, ки дар мавзеъҳои тропикӣ ва субтропикии Африко, Осиё, Амрикои шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ҳиндустон ва  ҷазираҳои Филиппин мерӯянд».

«Дар Тоҷикистон низ чанд навъу намуди ин мева парвариш меёбанд. Аслан мо хурморо аз тухми он сабзонида, сипас бо навъи беҳтар пайванд намуда, парвариш мекунем. Чун ин мева ба гармӣ бештар майл дорад, дар мамлакати мо хурмои беҳтарин дар водии Ҳисор ва ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин қисме аз ноҳияҳои вилояти Суғд мерӯяд»,- илова кард Ҳикматулло Назиров.

Бояд тазаккур дод, ки  дар қитъаи таҷрибавии Филиали Интститути боғпарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  дар  ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд   парвариши хурмо, ки ба иқлим ва обу хоки минтақа муносиб аст, роҳандозӣ гардидааст. Масоҳати умумии замини таҷрибавӣ 1 гектарро дар бар гирифта, бо ҷалби олимони соҳа дар он парвариши чор навъи хурмо роҳандозӣ гардидааст. Ба иттилои масъулин,  ҳар сол аз ҳар гектари  боғи мазкур  аз 30 то 35 тонна хурмои хушсифат ҷамъоварӣ карда мешавад.

Бо назардошти ҳосили хуб ва сифати баланд дар қитъаи таҷрибавӣ навъҳои «Кулчахурмо», «Серҳосили Вахш», «Болаззати Деҳмой» ва «Пешпази ширин» парвариш шуда, маҳсулоти тару тозаи он ба бозорҳои дохили кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.

Дар доираи барномаҳои давлатӣ майдони боғи хурмо низ зиёд гардида, айни замон масоҳати умумии он дар саросари вилояти Суғд  зиёда аз 300 гектарро ташкил медиҳад.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки дар Шарқ ба хурмо аҳамияти хоса медиҳанд. Ибни Сино хурморо ҳамчун воситаи мустаҳкамкунии тамоми узвҳо, инчунин барои беморони лоғару заиф тавсия додааст. Исбот шудааст, ки хурмо нисбат ба себ ду маротиба бештар микроэлементҳои муфид ва нахи парҳезӣ дорад, бинобарин ин мева намегузорад организм пеш аз муҳлат пир шавад. Маҳз аз ин сабаб онро дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон «шоҳи меваҳо» меноманд.

Ба тавсияи табибон,  онро барои табобати бемориҳои саратон, шуш ва пайдошавии санг дар гурдаҳо метавон истеъмол намуд. Инчунин ҳангоми асабоният, табъи хира ва ҳатто афсурдаҳолии сахт тавсия медиҳанд. Хурмо инчунин узви босираро мустаҳкам намуда, намегузорад, ки организм пеш аз муҳлат пир шавад. Ба гуфтаи онҳо, хурмое, ки ҳангоми наҳорӣ мехўред, фаъолияти ақлониро зиёд мекунад.

Ғизошиносон хурморо барои кам намудани вазн тавсия медиҳанд. Зеро хурмо бо вуҷуди ширин буданаш, камкалория аст. Аммо бемороне, ки мубталои диабети қанданд, бояд хурморо камтар истифода кунанд.

Хурмо манбаи витаминҳои зиёдест. Аз ҷумла, дар таркиби он витамини А ба миқдори зиёд мавҷуд аст, ки барои пешгирии саратон мусоидат мекунад; витамини P, ки нозукии рагҳои хунро коҳиш медиҳад; витамини С (53% он дар буттамева), ки таъсири тоникӣ дорад.

Табибон барои чунин гурӯҳҳои беморӣ бештар истеъмоли хурморо  тавсия медиҳанд:

Бемориҳои онкологӣ. Азбаски хурмо бисёр витамини «бета-каротин» ва витамини А дорад, онро ҳамчун чораи пешгирикунанда аз саратон тавсия медиҳанд.

Камхунӣ. Оҳане, ки дар таркиби хурмо аст, ба пешгирии ин бемориҳои камхунӣ мусоидат мекунад ва сифати хунро беҳтар месозад. Занони ҳомила бояд ҳар рӯз хурморо ба ғизои парҳезии худ дохил кунанд.

Бемориҳои ғадуди сипаршакл. Тавре ки маълум аст, маҳсулоти дорои йод барои пешгирии бемориҳои сипаршакл тавсия дода мешавад. Хурмо яке аз меваҳои беҳамто дар рӯйхати ғизоҳои аз йод бой ҷойгир аст.

Бемории уролитияс (пешобдон). Хурмо ба ташаккули мувозинати калий-натрий дар организм мусоидат мекунад ва намакҳои зиёдатии натрийро аз бадан хориҷ менамояд. Инчунин, миқдори зиёди калий дар хурмо эҳтимолияти пайдоиши сангҳоро дар роҳи пешоб коҳиш медиҳад.

Бемориҳои илтиҳоб. Биёр бемориҳо, аз қабили варами муфосил (артрит), бемории қанд (диабет), саратон, фарбеҳшавӣ, бамориҳои дилу рагҳо дар натиҷаи илтиҳоби музмини узвҳои бадан пайдо мешаванд. Истеъмоли меваи хурмо, ки дар таркиби худ витамини С дорад, ин гурӯҳи бемориҳоро пешгирӣ мекунад.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 3, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд