Соли 2024 дар Тоҷикистон Озмуни телевизионии «Латифаҳои Хоҷа Насриддин» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аввалҳои соли 2024 дар Тоҷикистон Озмуни телевизионии «Латифаҳои Хоҷа Насриддин» баргузор мешавад. Дар ин хусус дар «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст, иттилоъ дода шудааст.
Озмуни мазкур 1 апрели соли 2024 ҷамъбаст гардида, он ба муносибати қабул гардидани «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» ба феҳристи осори фарҳанги ғайримодии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО бахшида шудаааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 номинатсияи муштараки Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид шуд. Оид ба расман ворид гардидани номинатсияи мазкур 1 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш баргузор шуд, эълон гардид.
Номинатсияи «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» аз рӯи 5 шарту талаботи дар Конвенсия қайдшуда қабул гардид.
Хоҷа Насриддин, Мулло Насриддин, Насриддин Афандӣ — қаҳрамони латифаҳои тоҷикӣ мебошад. Бо ин ном дар адабиёти хаттии тоҷик низ латифаҳои зиёде эҷод шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






