ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 2 декабр, шанбе, 336-умин рӯзи соли 2023 аст

Декабрь 2, 2023 08:00

2 декабри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» имзо намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ таҳти номи рамзии «Салом алейкум, халқҳои ҳамеша дӯсти Туркманистон ва Тоҷикистон!» намоиш баргузор гардид.

***

2 декабри соли 2014 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия машварати коршиносони тоҷику рус оид ба муҳокимаи созишномаҳо дар самти муҳоҷират баргузор шуд.

***

2 декабри соли 2016 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мавзеъҳои зебо ва қадимию таърихии ин давлат шинос шуданд. 

***

Соли 2016 оши палови Тоҷикистон ба феҳристи созмони илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО ворид гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои фарҳанг, рушди соҳаи сайёҳӣ, маориф ва омодасозии кадрҳои санъати тасвирӣ муҳокима шуданд.

***

2 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. 

*** 

2 декабри соли 2021 Тоҷикистон ва Италия дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаро баррасӣ намуданд.

***

2 декабри соли 2022 муносибатҳои Тоҷикистон ва Индонезия дар бахшҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.

 2 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ  МЕГАРДАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ғуломдорӣ.

***

Дар Русия — Рӯзи кормандони бонкдорӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Самад Ғанӣ — соли  1908 — рӯзноманигор, нависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1960).

Декабрь 2, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, душанбе, 40-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, якшанбе, 39-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, шанбе, 38-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, ҷумъа, 37-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 феврал, панҷшанбе, 36-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 феврал, чоршанбе, 35-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 феврал, сешанбе, 34-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 феврал, душанбе, 33-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 феврал, якшанбе, 32-юмин рӯзи соли 2026 аст