ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, душанбе, 285-умин рӯзи соли 2026 аст

Октябрь 12, 2026 08:00

12 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмон ва ороишу таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангию фароғатии «Кохи Наврӯз» шинос шуданд.

***

12 октябри соли 2013 дар Маркази Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст бо ду толори варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.

***

Соли 2018 дар Бӯстонсарои ҳукуматии «Кохи Сомон» дар  шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.

***

12 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд.

***

12 октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Саммити шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Саммити «Осиёи Марказӣ-Русия» ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.

***

12 октябри соли 2023 дар шаҳри  Душанбе бо иштироки 67 ширкати ватанию хориҷӣ Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти сохтмонии «ТAJBUILD» ифтитоҳ гардид. Дар он  беҳтарин дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами ширкатҳои бонуфузи сохтмонии хориҷӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, технология ва таҷҳизоти махсуси соҳавӣ ба маърази тамошо  гузошта шуд. Дар намоишгоҳ  ширкатҳо аз Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Туркия ва Узбекистон иштирок намуданд.

12 ОКТЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо артрит.

***

Дар Русия- Рӯзи кормандони соҳаи кадрӣ.

***

Дар Арманистон- Рӯзи мубориза бо тамокукашӣ.

РӮЙДОДҲО:

12 октябри соли 1901 Теодор Рузвелт қароргоҳи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро расман  «Қасри сафед» номгузорӣ намуд.

***

12 октябр соли 1950 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нахустин мактаби тиббии занона- Коллеҷи тиббии Пенсилвания кушода шуд.

***

 12 октябри соли 2000 олимони амрикоӣ устухонҳои тиранозаврҳоро пайдо намуданд ва аз ҳама калонтарини онро ба яке аз осорхонаҳои Чикаго ба маблағи 8,5 миллион доллар фурӯхтанд.

***

12 октябри соли 2015 Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд Созишномаи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA 1000»-ро ба имзо расониданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1968 дар Мехико Бозиҳои XIX олимпӣ доир гардида, 27 октябр ба анҷом расиданд.

***

Соли 1999 дар пойтахти Босния- шаҳри Сараево  6-миллиардумин сокини сайёра ба дунё омад.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҳамид Гадоев— соли 1922— таърихнигор, доктори илмҳои таърих (1978), профессор (1980), Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1975).

 

Октябрь 12, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, якшанбе, 284-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, шанбе, 283-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, ҷумъа, 282-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, панҷшанбе, 281-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, чоршанбе, 280-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, сешанбе, 279-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, душанбе, 278-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, якшанбе, 277-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, шанбе, 276-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, ҷумъа, 275-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, панҷшанбе, 274-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, чоршанбе, 273-юмин рӯзи соли 2026 аст