ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, сешанбе, 286-умин рӯзи соли 2026 аст

Октябрь 13, 2026 08:00

13 октябри соли 2005 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кондолиза Райсро, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

***

13 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, дар тантанаҳо бахшида ба 19-солагии ин воҳиди махсуси низомӣ иштирок намуданд.

***

10 сол пеш, 13 октябри 2016 дар шаҳри Ереван Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Арманистон Серж Саргсян масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арманистонро баррасӣ намуданд.

***

Соли 2018 Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян  дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт омада, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

***

13 октябри соли 2020 ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.

***

13 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуданд.

***

13 октябри соли 2022 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси ҷониби Русия мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

13 ОКТЯБР:

Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ.

***

Дар Озарбойҷон -Рӯзи кормандони роҳи оҳан.

***

Дар Ҳиндустон- Рӯзи синамои миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

13 октябри соли 1792 хишти аввали бинои қароргоҳи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гузошта шуд, ки   аз соли 1902 расман ҳамчун «Қасри сафед» номгузорӣ гардид.

***

13 октябри соли 1923 пойтахти Туркия аз Истанбул ба Анқара оварда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2001 дар Берлин тақрибан 4 ҳазор нафар ба намоиши эътирозӣ бар зидди ҷанг дар Афғонистон ба кӯчаҳо баромаданд.

***

13 октябри соли 2006 Пан Ги Мун аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба мақоми котиби нави генералии ин созмон интихоб шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1972 ҳавопаймои Шуравӣ Ил-62 дар қарибии Москва ба садама дучор гардид, ки дар натиҷа 174 нафар ҳалок шуданд. Дар он замон ин калонтарин садамаи ҳавопаймоӣ маҳсуб мешуд.

 

Октябрь 13, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, душанбе, 285-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, якшанбе, 284-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, шанбе, 283-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, ҷумъа, 282-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, панҷшанбе, 281-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, чоршанбе, 280-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, сешанбе, 279-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, душанбе, 278-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, якшанбе, 277-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, шанбе, 276-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, ҷумъа, 275-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, панҷшанбе, 274-умин рӯзи соли 2026 аст