ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, якшанбе, 337-умин рӯзи соли 2023 аст

Декабрь 3, 2023 08:00

3 декабри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Фаронса рафтанд.

***

3 декабри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» қабул гардид.

***

3 декабри соли 2009 созишномаи ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони моҳномаи «Вашингтон дипломат»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мусоҳиба оростанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори хабарнигорони амрикоӣ оид ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияту субот дар минтақа, пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои аз Афғонистон сарчашмагиранда, рафъи мушкилот дар роҳи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат, истифодаи босамар аз захираҳои фаровони табиӣ ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон посух доданд.

***

3 декабри соли 2010 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва хазинаи нуфуси СММ баррасӣ гардид.

***

3 декабри соли 2019 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба  Узбекистон рафтанд.

***

3 декабри соли 2020 сарони  давлатҳои СААД Эъломия ва Изҳоротро дар бораи ташаккули тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ қабул намуданд.

3 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии маъюбон.

***

Дар Беларус – Рӯзи ҳуқуқшиносон.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

 Асалбек Назриев-соли 1948-  ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Декабрь 3, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст