ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Бо сарбозони қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароит, таъминоти моддию техникӣ ва будубоши сарбозони қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб аз наздик шинос шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб.
Гуфта шуд, ки имрӯз бо дастгирӣ ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла қисми ҳарбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо тамоми шароити хизматӣ — маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхонаю дигар иншооти маишию хизматӣ таъмин шудаанд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардидани шароити моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд.
Дар баробари ин, масъулин иброз намуданд, ки Роҳбари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки «давоми солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далериву шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намудаанд ва борҳо собит сохтаанд, ки Артиши миллӣ аз ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонад».
Тазаккур дода шуд, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан — Модар шоистаи таҳсин буда, сарбозони шуҷои он дар ҳифзи марзу бум ва садоқат ба савганди низомӣ аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошта бо сарбаландӣ мебароянд.
Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакатро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.
Дар воқеъ, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар шахси солимфикр ва бономуси давлатамон мебошад.
Изҳори умед шуд, ки дар оянда аз афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ хизматчиёни хуб ба воя мерасад ва онҳо метавонанд корҳои назаррасу шоёнеро барои халқу ватан анҷом диҳанд.
Мо тамоми саъю кӯшиши худро бояд ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки давлатамон устувору ҷовидон боқӣ монад.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб








Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид






