ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Бо сарбозони қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб вохӯрӣ доир шуд

Декабрь 21, 2023 13:29

ДУШАНБЕ, 21.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароит, таъминоти моддию техникӣ ва будубоши сарбозони қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб аз наздик шинос шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб.

Гуфта шуд, ки имрӯз бо дастгирӣ ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла қисми ҳарбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо тамоми шароити хизматӣ — маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхонаю дигар иншооти маишию хизматӣ таъмин шудаанд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардидани шароити моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Дар баробари ин, масъулин иброз намуданд, ки Роҳбари давлат  ҳамеша таъкид менамоянд, ки «давоми солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далериву шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намудаанд ва борҳо собит сохтаанд, ки Артиши миллӣ аз ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонад».

Тазаккур дода шуд, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан — Модар шоистаи таҳсин буда, сарбозони шуҷои он дар ҳифзи марзу бум ва садоқат ба савганди низомӣ аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошта бо сарбаландӣ мебароянд.

Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакатро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.

Дар воқеъ, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар шахси солимфикр ва бономуси давлатамон мебошад.

Изҳори умед шуд, ки дар оянда аз афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ хизматчиёни хуб ба воя мерасад ва онҳо метавонанд корҳои назаррасу шоёнеро барои халқу ватан анҷом диҳанд.

Мо тамоми саъю кӯшиши худро бояд ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки давлатамон устувору ҷовидон боқӣ монад.

Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Декабрь 21, 2023 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд