Таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ тадбири муассир ҷиҳати пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо мебошад

Декабрь 21, 2023 13:55

ДУШАНБЕ, 21.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 омадааст: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода намуда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд. Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад.

Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси ин марказро омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд».

Мавриди ёдоварӣ аст, ки 13 декабри соли 2023 бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар ин иншоот воҳиди навтаъсиси Прокуратураи генералӣ — Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо ҷой дода шудааст.

             Қабл аз ин, бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2023 Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо дар дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ҳамчун воҳиди сохторӣ таъсис дода шуд.

Ҷиҳати таъмини заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо моҳҳои октябр — ноябри соли 2023 дар иҷлосияҳои  палатаи поёнӣ (Маҷлиси намояндагон) ва палатаи болоии Парлумони мамлакат (Маҷлиси миллӣ) масъалаи ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимнан иловаи пешниҳодшуда аз ҷониби Прокуратураи генералӣ талаботи ба кор қабул намудани кормандонро ба мақомоти прокуратураи мамлакат ифода намудааст. Ба моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», қисми 2 матни зерин илова  шуд: «Барои иҷрои уҳдадориҳои алоҳидаи мансабӣ, ки ихтисоси муайян талаб мекунанд, бо назардошти талаботи дигари дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда дигар мутахассисон низ, ки дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ намебошанд, ба кор қабул карда мешаванд».

Яъне, қаблан агар барои фаъолият намудан дар мақомоти прокуратура яке аз талаботи ҳатмӣ доштани маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ буд, акнун бо ворид намудани илова дигар мутахассисоне, ки маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ надоранд, метавонанд дар мақомоти прокуратура фаъолият намоянд. Дар ин маврид асосан мутахассисони соҳаи технологияи муосири иттилоотӣ (IT, Information Technology) дар назар дошта шуда, зарурати ворид намудани иловаро метавон чунин тавзеҳ дод:

— Пайдо шудани муносибатҳои нав дар ҷомеа;

— Рушди технология­ҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;

— Афзоиш ёфтани ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои муосири иттилотӣ-коммуникатсионӣ;

— Зарурати таъсис додани сохтору воҳидҳои нави корӣ ба муқобили хатарҳои замони муосир, аз ҷумла киберҷиноятҳо.

Ба ҳамин тартиб,  мақсади ворид намудани илова ба Қонуни конститутсонӣ такмил додани моддаи 53-и Қонуни конститутсионии амалкунанда мебошад, ки он талаботро нисбат ба шахсони ба мақомоти прокуратура ба кор қабулшаванда муқаррар намудааст.

Бо қабул шудани илова ба Қонуни конститутсионӣ дар Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо 40 мутахассиси соҳавӣ ба фаъолият ҷалб шуданд. Акнун прокурорҳо, муфаттишон ва дигар кормандони мақомот бо ҷалби мутахассисони ин марказ ва тавассути донишкадаи марбутаи такмили ихтисоси мақомот маҳорати касбии худро сайқал медиҳанд.

Ҳамчунин фаъолияти мақомоти прокуратура дар самти пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ содир мешаванд, боз ҳам муассиру пурсамар мегардад.

Зимнан, Маркази ягонаи иттилоотӣ бо навтарин техника ва технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дорои низоми ягона ва мутамаркази электронӣ барои танзими фаъолияти зиддитеррористӣ мебошад. Низоми электронӣ имкон фароҳам меорад, ки чораҳои пешгирикунандаи зидди экстремизм ва терроризм дар ҷумҳурӣ ба таври мутамарказ ва ҳадафмандона татбиқ шаванд.

Дар ҳайати Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо асосан ҷавонони дорои донишу малакаи кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва донандаи забонҳои хориҷӣ ба кор ҷалб шудаанд.                 Марказ ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва арзёбии иттилоот оид ба ҷиноятҳои экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, ташкили махзани ягона оид ба содиршавии чунин ҷиноятҳо машғул буда, ҷиҳати тафтиш ва санҷиши иттилооти дастрасшуда ҳамкории байналмилалӣ амалӣ мегардад. Ҳамчунин дар Маркази ягона амнияти киберӣ, назорати татбиқи сиёсати стратегии иттилоотӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ  таъмин  мешавад.

Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони масъули Прокуратураи генералӣ ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷиноятҳои мухталиф, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба ташкилоти террористӣ-экстремистӣ, таъмини амнияти киберӣ ва иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин мақсад боз ҳам бештар аз худ намудани донишҳои замонавӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, истифодаи техникаву технологияҳои муосир ба кормандони марказ дастуру ҳидоятҳои зарурӣ доданд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 21, 2023 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид