Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон шаш паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 19.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастпарварони Клуби варзишии «Ҳоҷӣ Шариф» дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии даставӣ оид ба гӯштини ҷудо, ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон доир мешавад, иштирок менамоянд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин мусобиқа 21 декабр байни 17 клуби ҷудои беҳтарини Аврупо ва Осиё доир мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кг, Абубакр Шеров ва Маҳмадшариф Наҷмидинов дар вазни то 73 кг, Курбан Кудиев дар вазни то 81 кг, Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90кг ва Раҳмон Мансур дар вазни +100 кг муаррифӣ менамоянд.
Хотиррасон мешавем, ки фонди ҷоизавии мусобиқа 100 000 долларро ташкил медиҳад.
АКС аз бойгонӣ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






