Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Малайзия 3 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 07.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Теннисбозони ҷавони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Penang Open International 38th Juniors аge Group Tennis Championship 2023» сазовори 3 медал шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи тенниси Тоҷикистон.
Мусобиқа аз 29 ноябр то 3 декабр дар Малайзия бо иштироки варзишгарони 12 давлат доир гардид. Рақобатҳо аз рӯи 5 синн – U10, U12, U14, U16, U18 доир шуданд.
Варзишгарони тоҷик Шеъро Комрон, Валерия Теришкина, Аниса Яҳёева ва Ёсуман Салимова дар рақобатҳои ҷуфти занону духтарон сазовори медали нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ Аниса Яҳёева ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд.
АКС: Федератсияи тенниси Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд






