Вазорати тандурустӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки ҳангоми зуком ниқоб пӯшанд, то сироятёбӣ аз он авҷ нагирад

Декабрь 18, 2023 14:58

ДУШАНБЕ, 18.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола бо фаро расидани  мавсими сармо гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас,  бахусус зуком меафзоянд. Ба ин беморӣ шахсони тамоми синн, алалхусус кӯдакону пиронсолон, ки масунияти (иммунитети) заиф доранд, гирифтор мешаванд. Барои пешгирӣ аз он Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат тавсия медиҳад, ки дар вақти ба ҷойҳои серодам рафтан аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.

Вазорати тандурустӣ хабар додааст, ки ҳангоми гирифтор шудан ба ин беморӣ дар бархе одамон табларза рух дода, ҳарорати бадан баланд мегардад, дар мушаку буғумҳо дард пайдо мешавад, аз сулфаи хушк ё балғамдор азият мекашанд, оби биниашон зиёд меравад, димоғ маҳкам мешавад, дарди гулӯ ва сустию беҳолӣ эҳсос мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо бемор аз дарди гӯш шикоят намуда, аз иштиҳо мемонад. Баъзе кӯдакон зимни гирифторӣ ба зуком қай менамоянд ва сусту беҳол мешаванд.

Зуком чӣ гуна пайдо мешавад?

Тавре табиби сироятшинос Кӯҳзод Шодиев иброз медорад, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, хусусан зуком дар натиҷаи шамолкашӣ ба вуҷуд меоянд. Зуком бо роҳи ҳавоӣ- қатрагӣ дар натиҷаи муошират бо бемор сироят менамояд. Нишонаҳои зуком баъди 3-4 рӯзи сироятёбӣ маълум мешаванд.

Сабабҳои асосии авҷгирии зуком

«Дар шароити иқлими Тоҷикистон бештар вируси бемории зуком (намуди А ва В) (парагрипп, аденовирусҳо) ва риновирусҳо мушоҳида мешаванд. Сабабҳои асосии паҳншавии ин бемориҳо, аз як тараф, гардиши табиии ин намуди вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар номусоидии ҳавои атмосфера мебошад. Ҳамзамон риоя нашудани гигиенаи шахсӣ низ омили пайдоиши зуком гардида метавонад»,- изҳор дошт мутахассис.

Ба гуфтаи табиби сироятшинос, шаҳрвандон дар вақти ба ҷойҳои серодам рафтан аз бояд ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд. Дастҳоро зуд-зуд бо собун ва биниро бо намакоби ширгарм шустан зарур аст.

Чӣ бояд намуд, то зуком нашавем?

Тавсияи пешгиринамоӣ аз зуком – ин,  пеш аз ҳама, риояи  реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва  муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бояд ҳамарӯза болои ашёи рӯзгорро бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард намуд. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масунияти бадан ва обутоби бадан аст. Бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намудан, истеъмоли хӯроки серғизои  аз витаминҳо бой ва нӯшидани афшураи лимӯро низ набояд фаромӯш намуд.  Қоидаҳои  беҳдоштӣ, яъне шустани даст,  худдорӣ аз ҷойҳои серодамро низ бояд риоя намуд.  Шустани дастон бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90 фоизи  микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд.

Масунияти паст низ сабаби авҷи беморӣ мегардад

Бемор бояд дар як шабонарӯз 8 соат хобад ва истироҳат намояд. Истеъмоли меваю сабзавоти тару тоза аз ҷумла, сир, пиёз, маҳсулоти ширӣ, лимӯ ва асал ва имбирчой барои баланд бардоштани масуният (иммунитет) муфид аст. Ҳамзамон истеъмоли шӯрбои гӯшти мурғ, моҳӣ, мастобаи серкабудиро низ табибон тавсия медиҳанд.

Зуком чанд рӯз давом менамояд?

Табиби сироятшинос иброз медорад, ки давраи ниҳоии  ин бемориҳо аз 12 соат то 2-3 шабонарӯз буда, аломатҳои асосии он ҳарорати баланд, дарди мушакҳо, сулфа, беҳолӣ ва бемадорӣ мебошад. Дар ҳолати  вазнин ҷараён гирифтан ин беморӣ ба оризаҳои  илтиҳоби шуш ва илтиҳоби пардаи гӯш  низ оварда мерасонад.

«Сарчашмаи вирусҳо шахси бемор аст, чунки ҳангоми атса ё сулфа задани бемор вирусҳо дар ҳаво паҳн шуда, ба одами солим мегузаранд. Аз ин рӯ ҳангоми муошират бо шахси бемор аз ниқобҳои махсус истифода намудан  ё ин ки дар   масофаи дуртар истодан зарур аст»,- илова намуд мутахассиси соҳа.

Ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳед

Табиб огоҳ менамояд, ки вақтҳои охир бештари шаҳрвандон ҳангоми бемор шудан ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки ин ба оризаҳои нохуш оварда мерасонад.

Аз ин рӯ мутахассис пешниҳод менамояд, ки ҳангоми ба зуком мубтало шудан  бояд,  пеш аз ҳама, бо  мутахассисони соҳа ва духтурони оилавӣ машварат намуд ва ҳеҷ гоҳ бо тавсияи нафари дигар набояд дору истеъмол намуд.

Мавсуф чунин мешуморад, ки имрӯз доруҳои  гуногун бар зидди ин беморӣ зиёд шудаанду  ҳар яки он  интихоби фардӣ дорад.

«Агар як нафар бо ин навъи дору сиҳат шавад, ба нафари дигар он, баръакс, таъсири манфӣ мерасонад. Ба нафарони бемор тавсия дода мешавад, ки пеш аз ҳама, бистарӣ бошанд. Нишонаҳои  зуком дар се рӯз равшан мешаванд. Ҳангоми  бистарӣ нагаштан беморӣ шадидтар мегузарад ва метавонад ба илтиҳоби шуш гузарад. Бемор беҳтараш бистарӣ гашта, духтурро ба хона даъват намояд, то омили паҳншавии беморӣ нагардад. Дар ин ҳолат фоизи муайяни эҳтимоли паҳн шудани сироят аз байн бурда мешавад», — гуфт дар хотима ҳамсуҳбати мо.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 18, 2023 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд
«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон