Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад

Январь 30, 2024 11:16

ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо муовини роҳбари намояндагии Корпоратсияи миллии ҳастаии Чин (CNNC) дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ Ли Юйдон вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо.

Ли Юйдон мақсади ташрифашро баррасии масъалаи ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории техникӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии ҳастаии Чин (CNNC) арзёбӣ намуд. Ли Юйдон ба имзо расонидани ин санадро барои ҷонибҳо муҳим шуморида, иброз намуд, ки амалишавии санад ҷиҳати тақвият ёфтани ҳамкорӣ ва муносибати илмии ҳарду ҷониб заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин иброз гардид, ки соли 2024 барои ҷонибҳо соли муҳим ва бобарор мегардад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар масъалаи тасвиби Ёддошти тафоҳум иброз дошт, ки он бояд бо қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ шуда, аз расмиёти дохилидавлатӣ гузаронида шавад.

Қобилҷон Хушвахтзода пешниҳод намуд, ки ҳамкории олимони тоҷик бо ҳамтоёни чиниашон дар самти илмҳои дақиқ густариш ёфта, таҳқиқоти муштарак дар самтҳои астрофизика, физика, химия, сейсмология ва экология тақвият дода шаванд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 30, 2024 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд