АЗ ПАЁМ. Дар Тоҷикистон новобаста аз монеаю душвориҳои табиӣ пешрафт таъмин гардида, барои шаҳрвандон зиндагии шоиста муҳайё карда мешавад

Январь 6, 2024 15:12

ДУШАНБЕ, 06.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Истеҳсоли зиёди маҳсулот дар иқтисоди миллӣ, зиёд шудани пасандозҳои аҳолӣ, паст шудани сатҳи камбизоатӣ, афзудани шумораи ғолибони мусобиқаҳои варзишию дастовардҳои мактаббачаҳою донишҷӯёни мамлакат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон новобаста аз монеаю душвориҳои табиию таҳмилӣ зина ба зина пешрафт намуда, зиндагии шоистаро баҳри шаҳрвандони худ муҳайё менамояд, чунин нигоштааст муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Абдухалилзода дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

— Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 бешак, хеле муассир ва илҳомбахш буда, неруи барқиеро мемонад, ки ҷисмҳои шахшуда ва зеҳнҳои хуфтаро бедор намуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои воло ҳидоят менамояд.

 Новобаста аз он ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригашта дар буҳрони азими иқтисодию сиёсӣ қарор дошт, мардуми шарафманди мамлакат зери роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Сарвари давлат ба дастовардҳои хеле назаррас соҳиб шуданд.

Иқдому ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси оғоз намудани дигаргуниҳо, бахусус сохтмони роҳҳо мубрамият ва саҳеҳии худро амалан нишон дода, собит намуданд, ки ин иқдом барои дастовардҳои муҳими тақдирсоз, чун рушди иқтисодиёт, истиқрори робитаҳои гуногунҷабҳа байни гӯшаҳои дурдасти мамлакат ва тавлиди ваҳдату ягонагӣ дар ҷумҳурӣ сарчашмаи зарурӣ будаанд. Бо ибтикори Пешвои миллат ин ташаббуси пешгирифта  сол ба сол суръати нав касб менамояд ва ҳоло ба ноҳияҳои дурдасти мамлакат расидааст, ки мояи хушнудии тамоми аҳли ҷомеа мебошад.

Яке аз ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, ки имрӯз хурду калон ба он аҳсан мехонанд, ниҳолшинонӣ аст. Имрӯз зимни гузаштан аз ҳар кӯчаю шоҳроҳ сокинони мамлакат дарахтони ҳамешасабзро дида, руҳу илҳоми тоза мегиранд ва бо руҳияи болида, чеҳраи пуртабассум ва нигоҳи хурсандона қаноатмандии худро изҳор медоранд. Ҷои шубҳае нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳолат ва зарурати идомаи ниҳолшинониро дарк намуда, супориш доданд, ки то соли 2040 ин амалкард пайваста идома дода шавад.

Бояд таъкид намуд, ки дар баробари ҳамаи дигар супориш ва ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон инчунин дастури он кас дар мавриди ба вуҷуд овардани имконият барои худтатбиқсозии ҳар фард дар ҷомеа сазовори таҳсин ва дастгирии ҳамагон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қудрату тавоноӣ, малакаю маҳорат ва дониши фарзандони баномуси миллати тоҷик изҳори қаноатмандӣ намуда, пайваста аз он ҳамчун мардуми фарҳангдӯст ва созанда ёдовар мешаванд. Аз ин рӯ, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутмаинона таъкид гардид, ки миллати тоҷик метавонад ба эҷодкориҳои нав ва муассир даст зада, ба муваффақият ноил гардад. Пешвои миллат ба неруи созандагӣ ва ихтироъкории ҷавонони мамлакат боварии худро изҳор доштанд ва аз тамоми сохторҳои масъул даъват ба амал оварданд, ки ин амалкард дар ҳамаи самтҳои фаъолият ҳамаҷониба дастгирӣ шавад.

Яке аз мавзуъҳои муҳим дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ — ин даъват тозагию ободӣ дар мамлакат буд. Пешвои миллат тозаю озодагиро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ таъкид намуда, изҳор доштанд, ки дар ин самт ягон нафар набояд бетараф бошад. Тозагию ободии мамлакатро мо бояд аз дару хонаи худ оғоз намоем. Ҳар нафар агар дар тозагию ободии хонаи худ, кӯчаю паскӯча ва деҳаи худ саъю талош намояд, пас, ин саъю талоши ӯ чунин маъно дорад, ки ин фард метавонад дар тозагию ободии мамлакат  низ саҳм гузорад.

Чун анъана яке аз мавзуъҳои хеле муҳим ва барои миллат тақдирсоз дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавзуи истиқлолу озодӣ буд. Пешвои миллат аҳамият ва арзиши бебаҳои истиқлолу озодиро таъкид намуда, даъват ба амал оварданд, ки ҳар фарди баномус бояд баҳри ҳифзи истиқлолу озодии мамлакат талош намояд. Дар шароити хеле пурмоҷаро ва фитнаангези имрӯза ҳифзи истиқлолу озодӣ аз масоили хеле мубрам боқӣ мемонад. Ба касе пӯшида нест, ки абарқудратҳо барои ҳифзи манофеи геополитикии худ ба ҳар гуна иқдоми гӯшношунид даст заданашон мумкин аст. Дар чунин шароити мураккаб дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам зичтар муттаҳид шуда, аз истиқлолу озодии хеш дифоъ намудан аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар фарди баномуси миллати тоҷик аст.

Барои мардуми фарҳангдӯсту хештаншинос ҳамчунин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси таъсиси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ рӯйдоди хотирмон мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Пешвои миллат ҳомии фарҳанги миллӣ будани худро борҳо бо ташаббусҳои созандаашон исбот намуда буданд. Ташаббуси навбатӣ бори дигар ба меҳру муҳаббати беандозаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фарҳанги миллӣ далолат намуда, аҳли зиё ва фарҳангдӯсти мамлакатро неруи тоза ва илҳоми муассир бахшид ва бешак, ба эҷодкориҳои навбатӣ ҳидоят менамояд.

Дар баробари тамоми дастовардҳо ва ҳидоятҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ якбора зиёд намудани музди меҳнат ба андозаи 40 фоиз тамоми мардуми мамлакатро хеле хурсанд намуд ва бори дигар хусусияти иҷтимоӣ доштани сиёсати давлатро амалан собит намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки барои дар оянда ҳам зиёд намудани музди меҳнат саъй менамоянд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки зиёд шудани музди меҳнат якбора ба андозаи 40 фоиз тамоми мардуми мамлакатро дар атрофи Президенти худ боз ҳам муттаҳид менамояд ва барои меҳнати содиқона намудан нерую илҳоми тоза мебахшад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 6, 2024 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст