Бар асари заминларза дар Синтзяни Чин се нафар ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Заминларза дар ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғур, воқеъ дар шимолу ғарби Чин сабаби ҳалок шудани се нафар гардида, панҷ тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии ТАСС хабар дод, дар ин хусус Телевизиони марказии Чин иттилоъ додааст.
Қаблан дар бораи 6 захмӣ маълумот расида буд. Тавре маълум гардид, аз минтақаи дорои хатари зилзила зиёда аз 12 ҳазор нафар тахлия шудаанд. Бар асари заминларза тақрибан 50 хона вайрон шуда, 78 бинои дигар зарар дидаанд.
Ёдовар мешавем, ки заминларза бо қувваи 7,1 дараҷа дар минтақаи Оқсу соати 02:09 ба вақти Пекин рух дода, манбаъ дар умқи 22 км ҷойгир будааст. Сипас пасларзаҳои такрорӣ бо қувваи 5,3 дараҷа ба амал омаданд.
АКС: AP Photo / Andy Wong, бойгонӣ








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






