БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Сиёсати фарҳангии Президенти Тоҷикистон ба пешрафти тафаккури созандаи мардум нигаронида шудааст

Январь 13, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 13.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба фарҳанги миллӣ ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифи таърих таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Зеро сиёсати фарҳангии Президенти Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба таҳкими рукнҳои маънавии давлатдорӣ, пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи мардум  нигаронида шудааст. Чунин нигоштааст ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.

— Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид ба амал омад, ки давоми солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ якчанд иқдоми назаррас амалӣ гардиданд. Танҳо соли гузашта 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ки сабаби эътибори бештар пайдо намудани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин рушди сайёҳӣ дар ин самт дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад.

Таърихи ҷомеаҳои пешрафта собит менамояд, ки дар баробари дигар зарфияту арзишҳо нақши фарҳанг, санъату ҳунар дар муаррифӣ ва шинохти миллатҳо хеле муассир аст. Аз ин дидгоҳ шинохти давлати тоҷикон дар ақсои олам бо мероси фарҳангии пурғановат амри зарурие ба шумор меравад, ки аз оғози Истиқлоли давлатӣ то ҳол ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин буд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ равобити ҳасана бо ҷомеаи ҷаҳонӣ маҷрои нав пайдо намуда, андешаи миллии мардум дар заминаи асолати таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва мероси фарҳангӣ рушди фарогир касб намуд. Хушбахтона, ҳоло аз файзи сиёсати фарҳангии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷикро дар ҷаҳон ҳамчун миллати фарҳангдӯст ва тамаддунофарин шинохтаву эътироф менамоянд.

Дар баробари он ки имрӯз Тоҷикистон бо ибтикороти шоиста ва ташаббусҳои фарогиру ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати  таъсиргузор дар саҳнаи сиёсатҳои байналмилалӣ дониста мешавад, дар самти ҷаҳонишавии мероси фарҳангӣ низ қадамҳои устувор гузоштааст, ки масири рӯшани онро Пешвои миллат боз намудаанд.

Дар ин росто ёдрас мешавем, ки се сол қабл бори нахуст дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Фаронса баргузор гардид. Давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати шарафманди тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадимӣ ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ гардид.

Ин намоишгоҳ бо мақсади муаррифии тамаддуну фарҳанги қадимии тоҷикон дар мисоли ёдгориҳои бостонӣ, ки дар мавзеъҳои таърихии мамлакат, аз ҷумла Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Панҷакенти қадимӣ, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук, Аҷинатеппа дарёфт шудаанд, баргузор гардид.

Он исбот намуд, ки тоҷикон миллати фарҳангӣ буда, таърихи қадимӣ ва хеле бой доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 13, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«АНДАЛЕБ». Даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ идома дорад
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии коршиносони Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Бахшида ба 1045-солагии табиби машҳури ҷаҳон-Абуалӣ ибни Сино ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли каду бехобиро рафъ ва кори дилро муътадил нигоҳ медорад
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 31 сол пур шуд
Дар гардиши дараи Алмосӣ муҷассамаи гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ гузошта мешавад
17 АВГУСТ-РӮЗИ ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. 70 фоизи интиқоли борҳо дар ҷумҳурӣ ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат назаррас аст
Дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Абуалӣ ибни Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик» намоиши ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Бохтар «Муассисаи давлатии маҷмааи таърихии Бибихонум» таъсис дода шуд
Густариши ҳамкории илмию таҳқиқотии Тоҷикистон ва Фландрия баррасӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Нигаҳдорию эҳтиром ва эътирофи он бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад