Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии мамлакат чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Пойгоҳҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии шаҳрҳои Ҳисору Истаравшан ва ноҳияҳои Данғараю Қубодиён ба истифода дода мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ду пойгоҳи бостоншиносӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ду пойгоҳ аз ҳисоби соҳибкорони ватандӯст сохта шуда, ба омӯзиши таърихи куҳан, ҳифзи мероси моддӣ, тамаддун ва худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.
Таъсиси ин марказҳо ба таҳкими ҳувияти миллӣ тавассути омӯзиши амиқи асли миллати тоҷик, ҳифзи объектҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамзамон татбиқ ва риояи ҳатмии қонунгузории соҳавӣ равона гардидааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳқиқ, ҳифз ва эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир гардида, ин раванд ба самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Ҳамин аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастур дода шуд, ки лоиҳаи “Қонун дар бораи бостоншиносӣ” таҳия гардида, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Пешвои миллат изҳори итминон намуданд, ки амалӣ намудани чунин иқдом далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон мегардад.
Мероси таърихию фарҳангӣ барои миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун шиносномаи миллат ва нуфузи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар пойдории забони миллат, давлат ва ҳувияти миллӣ пойгоҳи асосӣ ба шумор меравад.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд






