Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид

Март 28, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  108 номгӯй китоб бо теъдоди 78 103 нусха ба маблағи беш аз 5,6 миллион сомонӣ ба табъ расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Ҳамчунин дар доираи ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб 10 ҳазор нусха китоб ба маблағи зиёда аз 299 ҳазор сомонӣ ройгон дастрас карда шуд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдорию китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид. Аз ҷумла, давоми 7 соли баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аён гардид, ки ба китоби бадеӣ майл намудани кӯдакону наврасон ва донишҷӯёну дигар қишрҳои ҷомеа зиёд гардидааст. Озмуни мазкур  маротибаи  дигар дар дили ҳар фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба китобу китобхонӣ бедор намуд.

Бояд гуфт, ки  фазои мусоид, оромию субот, хуб гардидани вазъи иҷтимоии ҷомеа, нашри осори бузургони илму адаби тоҷику форс ва дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандгардонии ҳама ғолибони даврҳои озмун яке аз омилҳои асосии тарғиби китобхонӣ дар ҷумҳурӣ гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 28, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд