Бемасъулиятӣ ё қафомондагӣ? Сомонаи расмии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ нест. Чаро?

Январь 27, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 27.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» қаблан чандин маводи таҳлилӣ оид ба сатҳу сифат, мазмуну мундариҷа, ороиш ва муҳтавои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо нашр намуда буд. Иттилоъ дода шуда буд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017 Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудааст. Санад аз 6 боб иборат буда, дар он муқаррарот ва талаботи умумӣ ба муҳтаво, услуб ва дизайн, инчунин таъминоти барномавии сомонаҳо, тартиби маъмурикунонӣ ва талаботи техникӣ нисбат ба сомонаҳои расмӣ нишон дода шудаанд. Ҳадаф аз таҳия ва бо қарори Ҳукумати мамлакат қабул шудани Қоидаҳои ягона татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот»  мебошад.

Инак, соли 7-ум аст, ки Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет (минбаъд — Қоидаҳои ягона) дар амал татбиқ мешаванд. Дар ин фосила шароит ва таъминот баҳри фаъолияти муассири ҳамаи сохторҳои Ҳукумати мамлакат, шуруъ аз шаҳраку деҳоти дурдаст то вазорату кумитаҳо, ки дар маркази навовариҳои техникӣ, бо имконияти ниҳоят васеъ қарор доранд, хеле беҳтар шудааст. Вале омӯзишу таҳлили сомонаҳои расмии вазорату кумитаҳои алоҳида нишон медиҳад, ки талаботи қоидаҳо то ҳоло риоя ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тарафи масъулин иҷро намешавад.

Барои намуна метавон сомонаи расмии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мисол овард.

 Дар банди 31, боби 3-и Қоидаҳои ягона таъкид шудааст: 

  1. Саҳифаи асосӣ дар хати амудӣ ба се қисм ҷудо гардида, дар он ҷойгир мешаванд:

а) дар қисми болоӣ:

— рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — дар кунҷи чап мутобиқи қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, № 499 «Дар хусуси тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 14 марти соли 2007, № 500 «Дар хусуси тасдиқи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

— номи сомонаи расмӣ — ном дар марказ ҷойгир карда мешавад;

— иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.

Аммо дар саҳифаи асосии ин сомона  Парчами давлатӣ, иқтибос аз суханони Президенти мамлакат дар робита ба фаъолияти соҳа оварда нашудаанд:


Агарчанде моҳи январ ба охир мерасад, аммо дар бахши хабарҳо ҳамагӣ 5 хабар аз аввали сол дар сомона ҷойгир шудааст (аз 4 январ, 9 январ, 11 январ, 15 ва 16 январ).

Дар банди 6 Қоидаҳои ягона оварда шудааст, ки:

  1. Дастгирии забонии сомонаи расмӣ:

— сомонаи расмӣ бояд се шакли забонӣ: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ҳамчунин метавонад дигар забонҳоро дошта бошад. Шаклҳои сомона ба забонҳои гуногун бояд ба шакли сомона ба забони тоҷикӣ мувофиқат намоянд. Тарҷумаи маводи матнӣ ба забони дигар аз ҷониби соҳиби сомона таъмин мешавад;

— барои ҳар кадом шакли сомона бояд саҳифаҳои қолабии инфиродӣ таҳия намуд, ки услуби умумии порталро нигаҳ дорад. Ҳамаи ҷузъиёти графикӣ дар қолабҳо ба забони дахлдор анҷом дода мешаванд, сохтори меню ва ҷузъҳои дигари навигатсионӣ бояд ба сохтори ҳамон шакл мувофиқат намоянд. Майдонҳои хизматӣ ва ҷузъиёти матнии интерфейсҳо ҳам бояд дорои тарҷумаи айнан бошанд;

— истифодабаранда бояд имконият дошта бошад, ки ҳар лаҳза ҳангоми азназаргузаронии сомонаи расмӣ тавонад аз як шакл ба дигараш гузарад. Агар саҳифаи азназаргузаронидашаванда ҳангоми гузариш ба забони дигар ҳаммаънои худро надошта бошад, он гоҳ бояд гузариш ба саҳифаи аввали сомона бо забони интихобшуда доир шавад.

Мутаассифона, сомонаи расмии Агентии авиатсияи гражданӣ бахшҳои русӣ ва англисӣ надорад.

Савол ба миён меояд, ки агар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ бо мақсади омӯзиши имконияти мусофиру боркашонӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ, хатсайрҳои ҳавоии  Тоҷикистон,  дастрасӣ ба чиптаи ҳавопаймо дар масири мавҷуда ва нархи он маълумот гирифтан хоҳанд ва ба сохтори масъул (Агентии авиатсияи гражданӣ) ба воситаи интернет муроҷиат намоянд, чӣ тавр ин маълумотро бояд пайдо созанд?

Дар бахши «Ҷадвали хатсайрҳо», ки дар саҳифаи асосӣ ҷойгир аст, ба истиснои хатҳои каҷу нофаҳмо  дигар ягон маълумот нест:


Ҳол он ки бояд истифодабарандагон ба воситаи сомонаи расмии Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамчунин имкон дошта бошанд, ки бо фаъолияти ширкатҳои ҳавонавардии мамлакат, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дигар сохторҳои марбута шинос шаванд. Дар бораи роҳбарият, таърихи сохтори фаъолияткунанда, имконият ва шароити мусоид ҷиҳати ҳамкорӣ иттилоъ дастрас намоянд.

Дар саҳифаи асосии сомонаи расмии Агентии авиатияи гражданӣ бахшҳои «Тоҷикистон» (бо зербахшҳои «Маълумоти умумӣ», «Рамзҳои давлатӣ», «Конститутсия», «Иқтисодиёт», «Энергетика», «Нақлиёт», «Сайёҳӣ»), «Агентӣ» (бо зербахшҳои «Таърих», «Роҳбарият», «Сохтор», «Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ», «Ҳуҷҷатҳо», «Робитаҳои байналмилалӣ», «Чорабиниҳо», «Интернет-қабулгоҳ», «Лоиҳаҳои баррасишаванда»), «Созишномаҳо», «Озмун» ва «Тамос» ҷойгир шудаанд.

Дар боби 1 Қоидаҳои ягона:

вазорату идораҳо иттилоотро дар сомонаҳои расмӣ бо риояи талаботи зерин ҷойгир менамоянд: хабардор намудани аҳли ҷомеа дар бораи имконияти шиносоӣ дар шабакаи Интернет бо фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

— кафолат додани саҳеҳӣ, пуррагӣ ва нав будани иттилооти дар сомонаи расмии худ ҷойгиршаванда;

— андешидани тадбирҳои таъҷилӣ оид ба бартарафсозии норасоиҳои техникие, ки фаъолияти сомонаи расмии худ ва дастрасиро ба он мушкил менамоянд.

Дар сомонаи расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба хусусияти фаъолияти он иттилооти зерин ҷойгир мешавад:

а) номи пурраи расмӣ ё номи ихтисоршудаи вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

б) сохтори вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, маълумот дар бораи вазифаҳо ва функсияҳои воҳидҳои сохтории он, суроғаҳои почта, рақамҳои телефон ва дигар маълумоти зарурии вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шумораи кормандон, маълумот дар бораи ташкилоти тобеи онҳо (бо нишон додани ва/ё истинод ба сомонаи расмии онҳо), рақами телефонҳои хадамоти маълумотдиҳии вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

в) низомномаи вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (бо шумули низомнома дар бораи воҳидҳои сохторӣ);

г) маълумот дар бораи роҳбарияти вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва низоми қабули шаҳрвандон, маълумоти зарурӣ дар бораи тартиби пешниҳоди муроҷиатҳо;

ғ) иттилооти пурра дар бораи макони ҷойгиршавӣ, тартиби кор;

й) рӯйдод ва навигариҳо (хабарҳо дар бораи фаъолияти вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

к) маърузаҳои таҳлилӣ ва мақолаҳои иттилоотӣ дар бораи фаъолияти вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот — маълумот дар бораи вазъи корҳо дар самти фаъолият (соҳаҳои хоҷагии халқи воҳиди маъмурию ҳудудӣ) ё дар соҳаи пешбурд (сиёсат ва самтҳои асосии рушд, маълумоти оморӣ, таърих ва дастовардҳои соҳа (воҳиди маъмурию ҳудудӣ) ва ғайра);

қ) маълумот дар бораи қабули шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ, рӯйхати вазифаҳои холии хизмати давлатии мавҷуда, талаботи тахассусӣ ба номзадҳо барои ишғол намудани вазифаҳои холии хизмати давлатӣ, сохти анкетаи иштирокчӣ ва муҳлати ниҳоии пешниҳоди он дар низоми онлайн;

л) маълумот дар бораи чорабиниҳои расмии дорои аҳамияти ниҳоят муҳими ҷамъиятӣ, ки вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ташкил менамоянд (маҷлис, вохӯрӣ, конференсияи матбуотӣ: маҷлисҳои мушовара ва дигар), инчунин дар бораи қарорҳои дар ин чорабиниҳои расмӣ қабулгардида;

м) маълумот дар бораи ташрифи расмӣ ва сафарҳои кории роҳбарон ва ҳайатҳои расмии вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунш шаҳрак ва деҳот, матни изҳорот ва баромадҳои роҳбарияти онҳо оид ба ин ё он муносибат;

н) маълумот дар бораи барнома ва лоиҳаҳо, аз ҷумла, оид ба ёрии техникие, ки фармоишгар ё иҷрокунандаи онҳо вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд (номгӯй, мақсад ва вазифаҳои асосӣ, фармоишдиҳандагон ва иҷрочиёни асосии барнома, муҳлат ва натиҷаи пешбинишавандаи татбиқ, ҳаҷм ва манбаи маблағгузорӣ);

о) маълумот дар бораи банақшагирӣ ва иҷрои буҷет аз тарафи вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

п) маълумот дар бораи натиҷаи санҷишҳои аз тарафи вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузаронидашуда ва санҷишҳои дар вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузаронидашуда, бо риояи муқаррароти қонунгузорӣ дар бораи сирри давлатӣ;

р) омори расмӣ ва нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ин соҳа;

у) маълумот дар бораи хатарҳо ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки одамон, маълумот дар бораи ҳолати муҳити зист, расонидани зарар ба муҳити зист ва таъсири хатарноки экологӣ дар доираи ваколати вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

ӯ) номгӯи созмонҳои байналмилалие, ки вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар кори онҳо иштирок меварзад, инчунин маълумот дар бораи шартномаву созишномаҳои байналмилалие, ки дар татбиқи онҳо иштирок менамояд;

ф) тасвирҳои ҷадвалӣ ва силсилаи суратҳо (маводи видеоӣ ва тасвирӣ дар бораи ҷаласаҳо, вохӯриҳо);

ч) омори таҳлилии сомона;

ҷ) дигар иттилооти фоиданок. 

Дар банди 27, боби 2 Қоидаҳо омадааст, ки «Иттилооти дар сомонаи расмӣ ҷойгиршаванда бояд шаффофияти фаъолияти вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти шаҳрак ва деҳотро таъмин намояд».

Ин талаботе, ки дар боло нишон дода шуд, як қисми Қоидаҳои ягона  мебошад ва дар мисоли сомонаи расмии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудан мумкин аст, ки талаботи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет пурра риоя намешаванд.


Дар талаботи техникии Қоидаҳо гуфта шудааст, ки «суръати кушодашавии саҳифа (вакти вокуниш) ҳангоми зудии азназаргузаронии миёнаи ҳаррӯзаи сомонаи расмӣ дар асоси параметрҳои таъминоти барномавӣ ва таҷҳизоти сервери мушаххас муайян мешавад, аммо набояд аз 5 сония зиёд бошад, ҳамзамон вақти тавсияшаванда 0,6-0,8 сонияро (аз ҳисоби шумораи муштариёни сомонаи расмӣ дар давоми моҳ, рӯз ва яквақта) ташкил медиҳад». Зербахшҳои «Таърих», «Роҳбарият», «Сохтор», «Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ», «Робитаҳои байналмилалӣ», «Чорабиниҳо», «Интернет-қабулгоҳ», «Лоиҳаҳои баррасишаванда» — дар сомонаи расмии Агентии авиатсияи гражданӣ кушода нашуданд, воқеияти ҳол ин аст, ки ин зербахшҳо холӣ мебошанд, зеро зербахши  «Ҳуҷҷатҳо» кушода шуд ва маълум гардид, ки дар он ҳуҷҷатҳои соҳавӣ ҷо дода шудаанд.

Ба ҳамин тартиб, сомонаи расмии Агентии авиатсияи гражданӣ ба талаботи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет пурра ҷавобгӯ набуда, саҳифаҳои сомона бо суръати хеле паст кушода мешаванд, дар баъзе зербахшҳо ё умуман маълумот нест ё ин ки маълумоти ба дигар зербахш дахлдошта ҷойгир шудааст.

Бояд таъкид намуд, ки ҳадаф аз ин матлаб танҳо беҳтар намудани сатҳ ва сифат, мундариҷа, ороиш ва талаботи техникии сомонаи расмии яке аз муҳимтарин сохтори Ҳукумати Тоҷикистон — Агентии авиатсияи гражданӣ мебошад. Ҷойи пинҳон нест, ки имконияти ин сохтор нисбат ба дигар мақомот хеле беҳтар мебошад ва Агентии авиатсияи гражданӣ бо ба тартиб даровардани сомонаи расмияш метавонад барои дигар сохторҳо — вазорату идораҳо ва кумитаҳо намунаи ибрат гардад.

А. САНГЗОДА,
АМИТ  «Ховар»

 

 

 

Январь 27, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд