Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти докторантони Ph.D мавриди баррасӣ қарор гирифт

Январь 18, 2024 10:45

ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади  ташкили дурусти  низоми таълиму тарбияи докторантони Ph.D президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода  бо докторантони Ph.D ва роҳбарони илмии онҳо вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо иттилоъ медиҳад.

Президенти Академия дар робита ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва татбиқи талаботи якчанд санади меъёрию ҳуқуқӣ дар самти илму таълим ва тарбияи ватандӯстӣ сухан намуда, саҳми муҳаққиқонро дар татбиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳим арзёбӣ намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои низоми таҳсил, иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти академия ва институтҳои соҳавӣ, сари вақт анҷом додани корҳои илмӣ, ҳамзамон такмил додани донишҳои ҳуқуқию сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва амсоли ин баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот масъалаҳои интизоми меҳнат аз ҷониби докторантон, мавҷуд будани нақшаи таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, матни лексия, нақшаи инфиродии докторант, ҳамчунин ҷадвалҳои дарсии докторантони курси 1-ум, навиштани мақолаҳои илмӣ, сари вақт  ҳимоя намудани рисолаҳои илмӣ, иштирок дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва пешниҳоди ҳисоботи мукаммал, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» ва  озмунҳои байналмилалию олимпиадаҳо баррасӣ шуданд.

Инчунин пешбурди корҳои идеологӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма,  табодули таҷриба дар доираи ҳамкории Академия, навиштани лоиҳаҳои инноватсионӣ, илмӣ, ихтироъкорӣ, дарёфти грантҳо, васеъ намудани фаъолияти озмоишгоҳҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва истеҳсолӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз қабили русию англисӣ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 18, 2024 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд