Дар доираи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон якчанд санади нав ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 10.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. 8-9 январи соли равон сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардид, ки дар ҷараёни он Раиси шаҳри Душанбе бо якчанд ширкати технологию инноватсионӣ ва маҷмааҳои таърихию фарҳангии шаҳри Теҳрон шинос шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафари расмӣ мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва баланд, аз ҷумла мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ, Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Раиси шаҳри Теҳрон муҳтарам Алиризо Зоконӣ баргузор гардиданд.
Аз рӯи натиҷаҳои сафари босамари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маҷмуъ 15 санади нав оид ба ҳамкории байнипарламентӣ, ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, инчунин ҳамкории тиҷоратию истеҳсолӣ ба имзо расид, ки ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат, рушди истеҳсолоти ватанӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, таъсиси коргоҳҳои нав ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон мусоидат менамоянд.


Дар доираи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон санадҳои нави ҳамкории зерин ба имзо расиданд:
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муованати илмӣ, фановарӣ ва иқтисоди донишбунёни Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории илмӣ ва фановарӣ;
— Барномаи ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Теҳрон дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ.


Ҳамчунин дар ҳошияи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба байни намояндагони бахши хусусӣ якчанд чорабинию муколамаи судманд баргузор гардида, зимни онҳо якчанд созишномаву шартномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорони Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.
Санадҳои баимзорасида бо мақсади густариш додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва маводи доруворӣ ва ғайра аз рӯи талаботи бозори имрӯзаи минтақавию ҷаҳонӣ ва бо истифода аз имконияти дохилии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ ба шарикон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди амал қарор мегиранд.
Бояд таъкид дошт, ки ҳамкории сохторҳои бахши хусусӣ байни ду давлат дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва манфиати ҷонибҳо амалӣ шудааст.
Дар маҷмуъ, бо амалисозии ин санадҳои муҳими ҳамкорӣ ҷалб гардидани беш аз 1,3 миллиард сомонӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар назар аст.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






