Дар ИМА бар асари фаромадани тарма дар истироҳатгоҳи лижаронии кӯҳӣ як нафар ҳалок шуд

Январь 11, 2024 14:56

ДУШАНБЕ, 11.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи фаромадани тарма дар осоишгоҳи лижаронии кӯҳӣ дар иёлати Калифорния як нафар ҳалок ва як тани дигар захмӣ шуд. Дар ин хусус полиси ҳавзаи Плейсер (иёлати Калифорния) дар саҳифаи Facebook иттилоъ додааст.

Тармафароӣ 10 январ, тақрибан соати 09:30 ба вақти маҳаллӣ ба амал омадааст. Дар бораи гумшудагон иттилоъ нарасидааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 11, 2024 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш