Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид

Январь 8, 2024 15:31

ДУШАНБЕ, 08.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб оид ба баррасии  нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷаласа баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, дар ҷаласа иброз гардид, ки тибқи маълумоти дар Паёми Президенти мамлакат  овардашуда, новобаста аз вазъи иқтисодии ҷаҳони имрӯза дар ҷумҳурӣ қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуд.

Бояд гуфт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар мамлакат беш аз 3000 корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи нави корӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Инчунин дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои навсозӣ, таъмиру таҷдиди низоми энергетикии мамлакат 85,7 миллиард сомонӣ равона шудааст.

Бо амалисозии тадбирҳои ба самти истиқлолияти энергетикӣ равонашуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ пурра аз ҳисоби манъбаҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба мамлакати «сабз» табдил меёбад.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки дарвоқеъ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ хеле зиёд буда, мардуми мамлакат бояд ба қадри заҳматҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расанд ва дар рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурию ободкорию созандагӣ саҳм гузоранд.

АКС: Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

Январь 8, 2024 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
Дар Кӯлоб нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Махфират Хидирзода: «Паёми Президенти Тоҷикистон инъикоскунандаи интизориҳои ҷомеа нисбат ба масоили мухталиф аст»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд
РИОЯИ ОДОБУ РУСУМИ НЕКИ МИЛЛӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ