Дар ноҳияи Ҳамадонӣ 2400 бех дарахтони сӯзанбарги ҳамешасабз шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, инчунин тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо ва шаҳраку деҳот дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Тавре сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҳамадонӣ Давлаталӣ Ёрматов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани шаҳраку деҳоти ноҳия дар шоҳроҳи ноҳия 2400 бех дарахтони сӯзанбарги ҳамешасабз шинонида шуданд.
Изҳор гардид, ки давоми соли 2023 дар маркази шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 7400 бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.
Давлаталӣ Ёрматов, гуфт, ки давоми соли 2023 дар шаҳраку ҷамоатҳои деҳоти ноҳия 29 маротиба ҳашари тозагии соҳил гузаронида шуда, дар он беш аз 1798 нафар фаъолона иштирок намуда, беш аз 43,7 метри кубӣ партовҳоро тоза намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






